Аз таҳти дил бихандед!
Исм ё сифат
– Теша исм аст ё сифат?,- пурсид муаллим аз шогирде.
– На ину на он. Теша писари амаки Абдулло, ҳамсояи мост,- ҷавоб дод шогирд.
Ханда
Марде дар назди духтур шикоят мекунад:
– Доктор, ман баъди маошамро гирифтан чунон механдам, ки як лаҳза ором шуда наметавонам.
Духтур мегӯяд:
– Нағз ку, ханда умри одамро дароз мекунад!
Мард мепурсад:
– Яъне, ман то нафақа расида метавонам?
Духтур дар ҷавоб:
– Албатта! Баъди гирифтани нафақа хандаатон дучанд мегардад!
Баҳои “5”
Карим хурсанд назди падараш омаду гуфт:
– Медонед дада, ман имрӯз баҳои “5” гирифтам.
– Аз кадом фан, ҷони дада?
– Аз табиатшиносӣ “2”, аз таърих “3” гирифтам, ки ҷамъаш “5” мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ