Аз таҳти дил бихандед!

Мактуб

Марде бепул монда, мактуб менависад:

– Худоё, агар ҳозир 100 сомонӣ нафиристӣ, худро меовезам ва коғазчаро аз тирезаи хонааш ба берун мепартояд.

Дар ин ҳангом милисае мактубро ёфта, худ ба худ мегӯяд:

– Ин мардак агар дар маҳаллаи ман худкушӣ кунад, дар бало мемонам.

Кисаашро кофта, 50 сомонӣ бурда, ба мард медиҳад.

Мард пулро гирифта, дубора мактуб менависад:

– Худовандо, дигар пулро ба дасти ин милиса равон накун, нимашро ба кисааш зад!

Суръат

Корманди БДА ронандаеро барои мошинро бо суръати баланд ронданаш манъ карда, мегӯяд:

– Дар ин ҷо суръати аз ҳама зиёд 40 км/соат аст, шумо бошед, аз рӯи 80 км/соат мошинро меронед. Ба куҷо ин қадар шитоб доред?

Ронанда мегӯяд:

– Ман барои шумо 100 сомонӣ меовардам…

Омӯзгор

Марде ба рафиқаш мегӯяд:

– Чаро ту маро бо рӯзи омӯзгор табрик накардӣ?

Рафиқаш ҳайрон шуда:

– О ту омӯзгор нестӣ ку!

Мард мегӯяд:

– Арақ нӯшиданро аз кӣ омӯхтӣ?

Офаридгор

Зан ба шавҳар:

– Мардакҷон, ман ҳар як тори сафеди мӯятонро дӯст медорам.

Мард дар ҷавоб:

– Албатта, ҳар офаридгор аз маҳсули дасти худ шод мегардад!

Домод

Пиразане ба наберааш мегӯяд:

– Бачем, дар замонҳои мо макияж набуд, “салон” набуд, ботекс ҳам набуд!

Набера дар ҷавоб:

– Албатта бибиҷон, дар замонҳои шумо занҳо чунон безеб буданд, ки домод ҳам домод буду келин ҳам домод буд!

Нав

Зану шавҳари ҷавон фарзанддор мешаванд. Кӯдак шаби дароз ғаш карда, лаҳзае ором намегирад. Ҷавонзан бо садои гиряолуд:

– Ягон ҷояш дард мекунад…

Шавҳар дар ҷавоб:

– Куҷояш дард мекунад? Охир, ҳама ҷояш нав аст ку!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *