Аҳолии Тоҷикистон зиёда аз 1,6 миллиард сомонӣ аз пули барқ қарздоранд

Вазорати энергетика ва захираҳои оби  Тоҷикистон хабар додааст, ки қарзи умумии аҳолии кишвар аз ҳисоби истифодаи нерӯи барқ ба 1 миллиарду 699,2 миллион сомонӣ расидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар қатори қарздорони асосӣ пас аз аҳолӣ, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” (ТАЛКО) қарор дорад, ки ҳаҷми қарзи он 718 миллион сомонӣ арзёбӣ шудааст.

Мақоми сеюмро дар феҳрасти қарздорони калон Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ишғол мекунад, ки беш аз 238,1 миллион сомонӣ қарздор аст.

Ҳамчунин, қарзи ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ зиёда аз 108,3 миллион сомонӣ, КВД “Обу корези ҷумҳурӣ” — 16,4 миллион сомонӣ ва
дигар корхонаҳо — 1 миллиарду 685,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *