Баҳодур ШЕРАЛИЗОДА, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Зиндагинома. Шерализода Баҳодур Аҳмадҷон 25-уми ноябри соли 1984 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2007 Донишкадаи техникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Соли 2011 Донишгоҳи Кассели Олмонро хатм кардааст. Аз соли 2016 то имрӯз унвонҷӯи факултаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон/Маркази байналмилалии сиёсати Аврупо (Centre International de Formation Européenne — CIFE) мебошад.

Фаъолияти меҳнатӣ. Солҳои 2006-2007 тарҷумони ташкилоти КАРЕ (CARE) Интернэйшнл дар Тоҷикистон. Солҳои 2007-2008 ёрдамчии маъмурии ташкилоти КАРЕ (CARE) Интернэйшнл дар Тоҷикистон. Солҳои 2012-2013 менеҷер-маъмур оид ба робита бо ҷомеа дар ташкилоти Акт Осиёи Миёна (ACT Central Asia). Солҳои 2012-2017 устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Солҳои 2013-2014 менеҷер оид ба алоқа бо ҷомеа ва коммуникатсия дар Сафорати Бритониё дар Тоҷикистон. Солҳои 2014-2015 мутахассиси Маркази тағйирёбии иклим ва қабати озони Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон/Барномаи пилотии Бонки Осиёии Рушд оид ба устувории иқлимӣ. Солҳои 2015-2018 мушовири барномаи Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) оид ба Фонди иқлимии сабз дар Тоҷикистон/Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2017-2019 мушовир дар барномаи пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба занони соҳибкор дар Тоҷикистон/Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд. Солҳои 2019-2020 мушовири барномаи Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Ҷумҳурии Ботсвана.

Аз 14-уми феврали соли 2020 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.

Қадршиносӣ.  Бо медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.