Шод кардан ҳунар аст!Вақте ки Аловуддин мегирёнад

Хабари марги ногаҳонии Аловуддин Абдуллозодаро рӯзи 17-уми феврал дар фурудгоҳи шаҳри Машҳади Ҷумҳурии исломии Эрон шунида, ҷои таассуроту шодиҳои сафар хонаи қалбҳоямонро ғаму андуҳ фаро гирифт. Ҳамаи мусофироне, ки ба ватан бармегаштанд, аз шунидани ин шумхабар гирён шуданд…

Аловуддине, ки ҳама умр ба мардум хандаву шодӣ бахшида, руҳу қалбҳоро лабрези фараҳ менамуд, якбораву ғайриинтизор ҳамаро ғамгину гирён сохт. Охир, ӯ фарзанди азизи ҳар як хонадони тоҷик буд. Ӯро дар Осиёи Миёна, дар бисёр ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар Афғонистону Эрон мешинохтанду дӯсташ медоштанд. Ҳунари волову истеъдоди баландаш, ҳазлҳои ширину намакинаш тавассути нақшҳо ва образҳои баркамоли офаридааш дар театру синамо ва силсилабарномаҳои рангини «Шӯхиҳои Аловуддин» марзҳоро убур карда, чеҳраи гарму нуронӣ ва хандаҳои беғашаш муаррифгари миллати дарёдилу хушзавқ, дӯстхоҳу дӯстпарвар ва некдилу меҳмоннавози тоҷик гашта буд.

Гирифтори ҳунар

Аловуддин Абдуллозода 15-уми майи соли 1965 дар шаҳри Қӯрғонтеппа таваллуд шудааст. Соли 1982 баъди хатми дабистон ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода супорида, донишҷӯи ин даргоҳи ҳунар ва зебоӣ гардид.

Дар донишкада устодон Назари Назар, Марями Исо, Абдулҳафизи Қодир, Сорои Музофиршоҳ, Тағоймуроди Розиқ, шодравонҳо Низом Нурҷонов, Маҳрам Файзов нозукиҳои касби актёриро ба Аловуддин омӯхтанд.

Аловуддин соли 1989 донишкадаро бо дипломи ҳунарпешаи театр ва синамо хатм намуд. Нақшҳои дар спектаклҳои дипломӣ бозидаи ӯ Соддақул аз «Шаби гирифтани моҳ»-и М. Карим, Скапен аз «Найрангҳои Скапен»-и Ж. Б. Молйер, Франса Маман аз «Духтари арлезиани»-и А. Доде ҳар яке зинаи камолоти истеъдоду маҳорати касбии ӯ гардиданд.

Баъди хатми донишкада ба театр-студияи навтаъсиси «Нимҷазира», ки бо ташаббуси коргардони шинохтаи шӯравии тоҷик Валерий Аҳадов арзи ҳастӣ намуда буд, ба кор даъват шуд. Иҷрои нақши посбон Жона дар намоиши «Антигона»-и Жан Ануй дар таҳияи коргардони ҷавону навҷӯй Барзу Абдураззоқов аз аввалин ва яке аз хотирмонтарин дастовардҳои эҷодии Аловуддин ҳамчун ҳунарпешаи касбӣ дар ин театр маҳсуб мешавад.

Аловуддини ҷавонро ифтихору шарафи бузурге насиб гардида буд, ки дар намоиши «Антигона» бо Ато Муҳаммадҷонов ва Соро Сабзалиева барин ҳунармандони маъруфи театру синамои тоҷик ҳамкорӣ мекард ва ин намоиш дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ — «Парасту» ғолиб дониста шуд. Соли 1990 ҳайати эҷодкорони намоиши «Антигона» бо даъвати роҳбарияти театри «Дӯстии халқҳо»-и Маскав ба Русия сафар намуда, онро манзури тамошогарони сахтгиру ҷиддии шаҳри Маскав гардонид.

Соли 1991 ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ба кор даъват шуд. Ӯ бе дудилагӣ ин даъватро пазируфт, зеро дар назди театри зодгоҳаш масъулият эҳсос мекард.

Аловуддин Абдуллозода дар саҳнаи ин театр нақшҳои хотирмоне аз қабили Расул аз «Моҷарои имтиҳон»-и А. Атобоев, Кали зирак аз «Бойи золим ва Кали зирак»-и П. Сатторӣ, Духтури чашм аз «Шоҳ»-и С. Мрожек, Ҳақдодов аз «Садқаи санъат шавад»-и А. Азимов, шайх Муслиҳиддин аз «Ҳазрати Амирҷон»-и С. Сабзаев, Скапен аз «Найрангҳои Скапен»-и Ж. Б. Молйер, Султонбек аз «Аршин-мол олон»-и У. Ҳоҷибеков ва ғайраро иҷро кард. 

Дар радифи кори сангини эҷодӣ аз соли 2004-ум боз Аловуддин Абдуллозода масъулияти гарони маъмурӣ, сарварии театрро ба зимма гирифт. Дар давраи роҳбарии ӯ театр хеле пеш рафт ва ба дастовардҳои зиёде ноил гардид.

Солҳои охир Аловуддин Абдуллозода роҳбарии бахши фарҳанги вилояти Хатлонро бар дӯш дошт.

Эҷодкори асилу тавоно

Дар музофот зистан Аловуддин Абдуллозодаро аз пойтахт дур накард. Баръакс, ӯ нафаре буд, ки режиссёрҳо ҳамкорӣ кардан бо чунин ҳунармандро ба худ шараф медонистанд ва дар сабти филмҳо, чорабиниҳои калон, барномаҳои телевизиониву радиоӣ ӯро даъват мекарданд.

Аловуддин Абдуллозода дар баробари фаъолият дар театр, дар кино низ нақшҳои мондагор иҷро кардааст. Нақшҳои офаридаи ӯ дар филмҳои «Падари моҳтобӣ», «Братан», «Туҳмат», «Чоҳ», «Муҳаббат», филмҳои телевизионии «Дар орзуи падар», «Багаж», «Нисфирӯзӣ», силсилафилми «Хуррамдиёр» ва ғайра бо рангу ҷило, бо ҷаҳони ботинии қаҳрамонон, хислату чеҳраҳои мухталиф басо диданиву хотирмон баромадаанд.

Овози ӯ дар тарҷумаи филмҳои «Бандии Қафқоз», «Ман бо духтаре вохӯрдам», «Ҷаноби Бин» ва ғайра бо хислату рафтори қаҳрамонон басо созгору мутаносиб афтодааст.

Ҳанӯз солҳои 80-уми асри ХХ шуълаи ҳунари Аловуддин аз алангаҳои баъдина дарак медод. Барои хизматҳои пурарзиш дар ҷодаи санъати театр Аловуддин Абдуллозода соли 2006 ба дарёфти унвони «Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон» мушарраф гардид.

Дар озмунҳои ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ — «Парасту» борҳо барои беҳтарин нақши мардона ҷоизаҳо гирифтааст.

Барои хизматҳои шоиставу арзандаи худ Аловуддин Абдуллозода аз дасти Президенти кишвар медали «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро гирифта, аз мухлисонаш як ҷаҳон ташаккур шунидааст.

Тавре ишора кардем, ҳунару истеъдоди Аловуддин табиӣ ва самимӣ буда, қаҳрамонҳояш хайрхоҳу хайрандешанд, чеҳраҳояшон гарму ошноянд, яъне басо мардумиянд. Аз ин рӯ, соли 2013 Ҳукумати ҷумҳурӣ ӯро бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон мушарраф гардонд. Табиист, ки худи Пешвои миллат яке аз мухлисони самимии шӯхиҳои Аловуддин мебошанд ва ихлосу муҳаббати худро ба ҳунари ин бузургмард борҳо аз саҳнаҳо эълон кардаанд.

Аловуддин Абдуллозода мисли Убайдуллоҳи Раҷаб дар риштаи ҳазлу зарофат бешак ҳунарманди дараҷаи аввал буд. Дар радифи ҳунарманди беҳамтову нотакрор, хушзавқу баландистеъдод буданаш ӯ ҳамзамон инсони басо неку некдилу покзамире буд. Хеле кам иттифоқ меафтад, ки як фард ҳам инсони хуб ва ҳам эҷодкори асилу тавоно бошад. Хоксориву хислатҳои наҷибаш, лутфу меҳрубониҳояш, фарҳанги баланди муоширату муносибати самимияш бо одамон, бо ҳампешагону мухлисонаш беҳтарин намунаи одоби накӯи инсонӣ буд…

Озмуни зарифон доир гардад

Дод аз дасти аҷал, ки моро аз як ганҷи бебаҳо, дурдонаи асили ҳунару зебоӣ, як ҷаҳони шодиву фараҳ, лутфи латиф, зарофату хушгӯиҳо маҳрум сохт…

Вале ба қавли азизе:

Ончунон зӣ, ки чу аз  ҳодиса барбод равӣ,

Ҳусни маънӣ нагузорад,  ки ту аз ёд равӣ.

Хуш ба ҳоли инсонҳое, ки мисли Аловуддин Абдуллозода бо номи нек, бо шарафу ифтихори баланди инсонӣ ин дунёи пурҷафову фониро бидруд мегӯянду ба ҷовидон мепайванданд. Аловуддин дар умри 57-солаи худ дар ҷодаи ҳунар кори чандин садсоларо ба анҷом расонд. Ҳунарманди пуркору пурборе буд, ки пайваста меҷусту меёфт, месӯхту месохт ва ҳамеша дар ҳоли табу тоб, дар ҳоли эҷоду эъҷоз қарор дошт…

Шод будан ҳунар аст,

Шод кардан ҳунаре волотар,

Лек ҳаргиз написандем  ба хеш,

Ки чу як шаклаки беҷон  шабу рӯз,

Бехабар аз ҳама  хандон бошем.

Беғамӣ дарди бузургест,  ки дур аз мо бод!…

Ёд дорам, рӯзи ҷанозаи ҳунарманди зинданом устод Ато Муҳаммадҷонов Аловуддин ба назди ман омада, иброз дошт, ки ният дорад театри вилоятии шаҳри Қӯрғонтеппаро (ҳоло Бохтар) ба номи Атоака номгузорӣ кунад ва ин пешниҳоди саршор аз эҳтирому ихлоси самимонаи худро бо талошу пофишориҳо амалӣ сохт.

Мо низ изҳори умедворӣ мекунем, ки дар Хатлонзамин кохи фарҳанге, кӯча ва ё хиёбоне ба унвони Аловуддин Абдуллозода номгузорӣ шаваду хамасола ба ёду гиромидошти ҳунару номи некаш озмуни ҷумҳуриявии ҳаҷвнигорону зарифон доир гардад…

Ортиқи ҚОДИР,

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *