Ба Ӯзбекистон — бо роуминги «ҳамсоягӣ»

Наврӯз айёмест, ки бештари сокинони кишварамон ба Ӯзбекистон сафар мекунанд. Барои муоширати муфид, осон ва зуд ҳал кардани масоили маишӣ дар хориҷа хизматрасонии «Ҳамсояҳои Роумингӣ» аз оператори имкониятҳои нави рақамӣ кeмак менамояд. 

Пайваст кардани он хеле осон аст: бояд USSD-дархости *390*1# рақамчинӣ ва тугмаи даъват пахш карда шавад. Шароитҳоро меомӯзем!

Аз Душанбе то Тошканд — ҳамагӣ 50 дақиқа парвоз. Аммо муштарӣ вориди кишвари дигар мешавад. Ин маънои онро дорад, ки дигар тарофаҳои роумингӣ барои алоқа фаъол мегарданд. Баҳри пешгирии  хароҷоти зиёдатӣ, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» хизматрасонии «Ҳамсояҳои Роумингӣ»-ро пешниҳод мекунад. Ҳангоми пайвасткунии он як дақиқаи дилхоҳ занги воридотӣ ҳамагӣ 1,5 сомонӣ арзиш дорад. Як занги содиротӣ дар дохили Ӯзбекистон ё ба хона 3 сом/дақ. ва як дақиқаи суҳбат бо Русия 5 сомониро ташкил медиҳад. Ин назар ба нархҳои стандартии «байналмилалӣ» барои алоқа чанд баробар камтар аст.

Бо хизматрасонии «Ҳамсояҳои Роумингӣ» нархи интернети мобилӣ низ хеле муфидтар аст. Ва ин ба шумо имкон медиҳад, ки суроғаҳои лозимиро дар шабака дар қаламрави Ӯзбекистон пайдо кунед, аксҳои дар майдони машҳури Регистони Самарқанд ё назди мақбараи Темур гирифташударо ба дӯстонатон фиристед. Ё ин ки агар шумо дар хона барои супоридани ҳақи хизматрасониҳои коммуналӣ фурсат пайдо накарда бошед, пас метавонед ин амалро онлайн анҷом диҳед.

Якчанд бастаҳои интернетӣ барои муштариёни рақамии МегаФон бо роуминги «ҳамсоягӣ» дастрасанд. Муҳлати амали онҳо 10 рӯз аз рӯзи фаъолкунӣ мебошад. Тафсилот дар ҷадвал:        

Номи баста  Ҳаҷми трафики интернети дастрасНарх  USSD-дархост барои пайвасткунӣ    
«Ӯзбекистон GPRS_50»50 Мб13 сомБа таври автоматӣ ҳангоми гузаштани сарҳад пайваст мешавад. Баъдан ҳар дафъа ҳангоми истифодаи 50Мб трафик аз нав пайваст мегардад
«Ӯзбекистон GPRS_100»100 Мб20 сом*254*5#
«Ӯзбекистон GPRS_200»200 Мб40 сом*254*6#

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки ҳангоми бозгашт ба ватан ба Тоҷикистон хизматрасонии “Ҳамсояҳои Роумингӣ” бояд мустақилона хомӯш карда шавад! Барои ин USSD *390*2#-ро рақамчинӣ намоед.

Сафари хушу хотирмонро ба Ӯзбекистон хоҳонем!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *