Баҳора Ризоӣ — Эрон

Чилланишинӣ  

Ба қабз додаам диламро,

Дучори огоҳии хафифе шуда бошам ангор.

Ба ғор меравам,

Ба чоҳи Бижнам.

Ба шуҳуди муталошӣ дар утоқ,

Ки садои калимаҳоям даромада.

Ба Андимшке, ки ту аз он об мехӯрӣ,

Ба ҷанги тан ба тани мон, мудом!

Ба ровии равон-париши чашмҳот!

Бо хатти ғубор менависам ин бор.

Ки ҷазомии табъиди туам,

Ба ҷазираи Маҷнуни танат!

Ба ғиноиме, ки аз ҷамъияти дастҳот мебарам,

Ва бар бод медаҳам.

Ишроқ мекунам ин лаҳзаро,

Ба ғор меравам.

Ба чоҳи Бижнам,

Ва адами қатъияти таконаҳояш,

Ба рисолаи Суқроти Афлотун фикр мекунам.

Ва бевамаргии ин сатрҳо оғоз мешавад,

Ҷаҳаннами ман ин ҷост.

Гӯш кун!

Ҳоло ки ба ин ҷойи қисса расидем,

Гӯш кун!

Васият мекунам, ки

Каронаҳои васеътаре мехостам.

Бо ҳавосили обҳои канора,

Ки нук бизананд ба зиндагиам,

Васият мекунам.

Ва бо хатти ғубор менависам,

Ин бор.

Бидуни пуштивонаи нусаху сулс,

Ва ба кабутаре илсоқ мекунам.

Бирасад ба ҷазираи Маҷнуни танат,

Ва Андимишке, ки ту аз он об мехӯрӣ!

***

 Даричаи дил

Чизе дар табақоти ин айвон намебинам,

Чизе, ки биёяд,

Ва таб кунам.

Ман аз амуди ҳамин минтақа,

Ба самти тозатарини иртифоъ кашида шудам.

Ва хуб медонам, ки таб,

Нишонаи огоҳист.

Меоӣ ва нафасам аз омаданат банд меояд,

Сарамро рӯйи синаи ту мегузорам.

Маркази омадурафти моҳиҳои кучакро радёбӣ мекунам,

Моҳиҳои аз манотиқи мухталиф,

Ки батни кучакамро,

Ба даҳлезҳои ту марбут мекунад.

Ба даҳлезҳои шоду ҷавонат,

Дарёчаҳои зиёде дар ҷараён аст.

Ин ҷо маркази тафаккури як буддои кучак аст,

Ки мехост,

Фарҳанги Медитаронаӣ дошта бошад.

Ва дар бораи фолклори шарқӣ таҳқиқ кунад,

Ва инсонаш мудом орзу бошад.

Маркази буми қалбмро кашф кардӣ,

Ва рӯйи сурхргҳои он наққошӣ мекашӣ.

Хуш мехобонам,

Моҳиҳои қирмизи сабз.

Обии рагҳои ту,

Садои ҷон додан меояд.

Ва ман ҳанӯз даргири қоиқсаворе,

Дар обҳои сабзи таниш ҳастам.

***

Фурӯ меравам дар абрҳо

Ва гузориш медаҳам,

Низоъ дар “Шоҳнома” ҳанӯз идома дорад!

Ман вакили мудофеъи Рустам нестам!

Аммо ба гувоҳии пайнавиштҳои Фирдавсӣ,

Лоиҳаи оини додрасии ӯ,

Одилона набуд,

Аммо тасвиб шуд.

Ба атфи ҳамин нуқта,

Ва шаҳодат медаҳам, ки

Контроле бар аъсоби осмон надорам.

Фақат сар ба ҳаво шудаам ин рӯзҳо,

Ва фурӯ меравам дар абрҳо.

Аз ҷуғрофияи атрофам,

Танҳо мардеро мешиносам,

Ки ман табиати ӯям!

Аммо дахолате дар шароитҷӯияш надорам.

Аз субҳи имрӯз ба ботлоқҳои хунии ҷаҳон,

Хира шуда,

Ва мисли як уқоб

“Шоҳнома” мехонад,

Ва ғамгин аст.

Ба мусиқӣ гӯш мекунад,

Ва ғамгин аст.

Ман Гурдофариди ӯ мешавам,

Талх, ки мешавад,

Тир мехӯрам ангор,

Ва маҷрӯҳи завоёи захмии чашмҳош мемонам.

بهاره رضایی — ایران

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *