Ба таваҷҷуҳи меҳмонону сокинони Душанбе! Роҳҳо баста мешаванд

Дар ҷараёни ба Душанбе омадани Президенти Русия Владимир Путин, имрӯз, 28-уми июн аз соати 15:00 аз кӯчаҳои А. Дониш, Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ то Карамов ва аз кӯчаи Исмоили Сомонӣ то Қарияи боло роҳҳои ҳаракати нақлиёт баста мешаванд.

Бино ба иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД дар шаҳри Душанбе, тасмими мазкур кӯчаҳои протоколӣ ва роҳҳои марказии пойтахтро фаро мегирад.

Дар назар аст, ки президенти Русия Владимир Путин имрӯз соати 17:00 вориди Душанбе мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *