масҷиди марказӣ

Ба зудӣ бузургтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад

Сохтмони бузургтарин масҷиди Тоҷикистон бо сармояи Қатар дар маркази Душанбе ба анҷом расида, рӯзи 8-уми июн бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Қатар ифтитоҳ мешавад. Дар ин бора расонаҳои Тоҷикистон хабар доданд.

Ба гуфтаи манобеъ, ҳоло онҳо барои ифтитоҳи ин масҷид омодагӣ гирифта, интизори сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ҳастанд. Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон сафари ҳайати Қатарро ба Радиои Озодӣ таъйид карда, аммо дақиқ нагуфтааст, ки кӣ меояд.

Бояд гуфт, ки дар як нишасти хабарӣ дар моҳи феврали соли ҷорӣ раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Сулаймон Давлатзода гуфта буд, ки ин масҷид дар семоҳаи дуюми соли 2023 ба истифода дода мешавад.

Қобили зикр аст, ки ин бузургтарин масҷиди Тоҷикистон буда, тибқи маълумоти овардашуда, дар он ҳамзамон беш аз 100 ҳазор нафар метавонанд намоз гузоранд.

Ёдовар мешавем, ки сохтмони масҷид моҳи октябри соли 2011 оғоз шуда, 8 сол идома кард. Сохтмон соли 2019 ба итмом расида, моҳи ноябри ҳамон сол бояд ба истифода дода мешуд. Аммо баъдтар, ифтитоҳ ба моҳи марти соли 2020 ва сипас — бинобар пандемия — ба муддати номуайян ба таъхир гузошта шуд. Арзиши ин тарҳ ҳудуди 100 млн долларро ташкил медиҳад, ки 30 млн доллари онро Тоҷикистон ва боқимондаашро Қатар ҷудо кардаанд.

Масоҳати масҷид 12 гектар буда, аз намозгоҳ, китобхона, осорхона, маҷлисгоҳ, қабулгоҳ, маъмурият, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 500 мошин иборат аст. Он бо назардошти унсурҳои қадимӣ ва муосири санъати меъморӣ сохта шуда, аз 4 манораи баландиаш 75 метр ва гумбази 47-метра иборат аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *