“Ба ҷанозаам биёед”-мегуфт марди таҳдидгар…
Таҳдидкунанда мехост худу фарзандонашро дар лаби дарёи Варзоб оташ зада кушад.
Тавре мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон хабар доданд, марде, ки субҳи имрӯз, 16 апрел бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, ки то зуҳри имрӯз худ ва кӯдаконашро оташ мезанад, феълан дар идораи милиса аст ва ба ӯ ва кудаконаш чизе тҳдид намекунад.
Тавре дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе тасдиқ намуданд, марде, ки таҳдиди куштани худаш аҳли оилаашро карда буд, муайян ва ба мақомот дастрас карда шуд.
Дар нашри як навор марде гирён изҳор медошт, ки аз фишор ба дод омада, мехоҳад худу фарзандонашро дар лаби дарёи Варзоб оташ зада худашро ҳам кушад. Ӯ аз Президенти Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе хост, ба додаш расанд, чун дигар тоқати фишорҳоро надорад.
Мард мегӯяд, нозири минтақавии милиса ӯро зери фишор қарор дода мехоҳад, ба маҳбас кашад.
Тафсилоти мушкилро ин мард нагуфтааст, танҳо аз роҳбарони Тоҷикистон хост, ба додаш расанд, чун илоҷи дигаре ҷузъ оташзании худу оилаашро намебинад. Ӯ ҳушдор дод, ки то зуҳри рӯз вақт доранд ва аз мардум хост, ки ба ҷанозаашон оянд.
Навори мазкур бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро мушавваш сохт, чун вақтҳои охир дар Тоҷикистон ҳолатҳое, ки волидон дар пайи мушкилоти худ фарзандонашонро мекушанд, рӯ ба афзоиш дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ