Бадахшон пешсаф. Нақшаи даъвати ҳарбӣ чанд фоиз иҷро шуд?

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки нақшаи даъвати ҳарбӣ ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ 70 дарсад иҷро шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки маъракаи даъвати ҳарбӣ аллакай як моҳ сипарӣ шуд. Ҳамин тариқ, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ давоми як моҳ нақшаи давъати ҳарбиро 77 дарсад,  вилояти Хатлон 70 дарсад, вилояти Суғд 60 дарсад ва шаҳри Душанбе 80 дарсад иҷро кардаанд. ВМКБ бошад, дар рӯзи аввали давъати ҳарбӣ нақшаро пурра иҷро кардааст.

“Масъулини мақомоти вобастаи давлатии даъват дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бисёр фаъол буда, аз маҷмӯи 13 шаҳру ноҳияҳои он қисми зиёдашон иҷрои нақшаро аллакай дар даҳрӯзаи аввали  ин чорабинии муҳими сиёсӣ ба итмом расонидаанд”, — гуфтааст Вазорати мудофиа.

Қаблан вазорати мудофиа гуфта буд, ки то 20-уми октябр беш аз 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаи даъвати ҳарбиро 100 дарсад иҷро намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *