Байни Тоҷикистон ва Белорус созишномаи маблағгузории содиротӣ имзо шуд

Раиси  БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ дар ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус иштирок кард.

8-уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус дар рафти баргузории ҷаласаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус аз ҷониби Раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва Раиси Раёсати ҶСК «Бонки рушди Белорус» Егоров Александр Созишномаи умумӣ оид ба маблағгузории содиротӣ ба имзо расонида шуд.

Созишномаи мазкур байнисоҳавӣ буда, ба имзо расонидани он дар рушди муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ ва бонкдории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Белорус ба манфиат хоҳад буд.

Мақсад ва ҳадафҳои ҷонибҳо, пеш аз ҳама густариш додани гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *