“Барқи тоҷик” — ширкате, ки Вазорати маориф ва илмро ноком кард

Ним шӯхиву ним ҷиддӣ

— Ман ширкати нав мекушоям. Ширкате, ки тамоми манотиқи Тоҷикистонро бо технологияи муосир таъмин мекунад. Тамоми таҷҳизоте, ки мавриди истифода қарор мегиранд, комилан нав хоҳанд буд. Дар ин ширкат ҳама чиз рақамӣ карда мешавад ва тамоми амалиётҳо бо компютер анҷом меёбанд,- гуфтам ба Фазлиддин Асозода.

Фазлиддин нақли маро бодиққат гўш карда, гуфт:

— Нақшаҳои бисёр олӣ, устод, вале истед, ки шумо дар ташкили ширкат ва татбиқи барномаи худ аз “Барқи тоҷик” ягон кафолат гирифтед ё не?

— Чаро ман аз “Барқи тоҷик” бояд кафолат гирам?,- ҳайрон шуда пурсидам.

Гуфт:

— Агар кафолати “Барқи тоҷик”-ро нагиред, шумо низ чун Вазорати маориф ва илм ноком хоҳед шуд.

— “Барқи тоҷик” Вазорати маориф ва илмро чӣ гуна ноком кард?,- пурсидам бо ҳайрат.

— Вазорати маориф ва илм ҳам мехост тамоми муассисаҳои таълимиро бо компютер таъмин намояд, онҳоро ба Интернет пайваст кунад ва кулли хонандагонро ба омўзиши компютер фаро гирад, вале натавонист, чунки аз “Барқи тоҷик” кафолат нагирифта буд.

— Чӣ хел вазорат муваффақ нашуд? То он ҷое аз маълумоти расмӣ медонем, 2 барномаи 5-солаи компютерикунонии мактабҳои шаҳру деҳот то 65-70 фоиз иҷро шуд. Магар ин муваффақият нест?

— Дар барномаи компютерикунонӣ вазорат то андозае муваффақ шуд, вале ҳеҷ яке аз он компютерҳоро кор фармуда натавонист. Медонед барои чӣ?,- гуфт бо кунҷковӣ.

— Барои чӣ?,- боз пурсидам, чизеро нафаҳмида.

— Барои он ки барои татбиқи он кафолати “Барқи тоҷик”-ро нагирифта буд. Акнун “Барқи тоҷик”, мисле ки қасд гирифта бошад, саҳар вақти оғози дарсҳо барқро хомўш мекунад. Бегоҳ, вақте дарсҳо ба итмом мерасанд, барқ медиҳад. Ку муаллим бе барқ компютери мактабро гиронад…,- гуфт бо афсўс.

Сари бемўямро хорида-хорида, гуфтам:

— Ман нав фаҳмидам, ки сабаби ин ҳама нокомии вазорат ва бесаводии хонандагон маҳз “Барқи тоҷик” будааст.

— Бале, агар “Барқи тоҷик” нахоҳад, ҳеҷ кас дар мактабҳо кор бо компютерро на дар як сол ва на дар 11 сол омўхта наметавонад. На танҳо намеомўзад, балки аз аввали моҳи октябр то моҳи апрел ҳатто компютерро гирон карда наметавонад.

— Ин тавр бошад, ман ҳам аввал бояд кафолати “Барқи тоҷик”-ро гираму баъд ба кор шуруъ намоям, то мисли Вазорати маориф ва илм ноком нашавам,- гуфта, муваққатан, то ба итмом расидани барқкушиҳо, аз кушодани ширкати нав даст кашидам.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *