Бардошти ректори ДМТ аз сафар ба НБО-и “Роғун”

Сафари ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба НБО-и «Роғун» як саҳифаи хотирмон дар таърихи донишгоҳ хоҳад буд. Зеро, бори нахуст дар чунин ҳайати бузург мо аз ин иншооти бузурги аср дидан намудем.

Дар ин сафар аз раёсати марказии ҲХДТ низ чанд нафар моро ҳамроҳӣ намуданд. Ин тасмим низ пеш аз ҳама бо дастуру мусоидати бевоситаи Раиси ҲХДТ, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ки даҳҳо паҳлуҳои мусбатро фаро мегирад. Хеле иқдому анъанаи шоиста аст, ки имрӯзҳо ҷамъиятҳои гуногуни меҳнатӣ аз рафти корҳои сохтмонии ин коргоҳи бузург дидан менамоянд.

Боиси ифтихор буд, ки сафари мо баъд аз ташрифи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба НБО-и «Роғун» сурат гирифт, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл онҷо буданд. Қабл аз ҳама ин сафар дар домани худ садҳо таассурот дошта, тавре маълум гардид, қаҳрамониву диловарии аҳли заҳматкашро аз наздик дидан барои аксарият ҳайратовар низ будааст. Чаро ки ин ин нерӯгоҳ ба тамоми маънӣ беназир аст ва он гувоҳи раднопазиру бузурге дар сиёсати бунёдкоронаву муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бунёдкориву созандагӣ дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми меҳварӣ дорад. Пешвои миллат абармардест, ки тамоми ҳастияшро барои ватан бахшидааст ва ҳар як чашми бино шоҳид аст, ки имрӯз давлату ватани мо ба чӣ гуна пешрафтҳо ноил гардидааст. Фаъолияту корҳову тасмимҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон ба ду ҷабҳаи бузург ҷудо намуд: ВАҲДАТУ СУЛҲОФАРӢ ВА БУНЁДКОРИВУ СОЗАНДАГӢ.

Дар ҳақиқат он рисолате, ки барои ваҳдату сулҳофарӣ буд, иҷрову амалӣ гардидааст. Кишвари мо сарфи назар аз ҳама мушкилоту монеаҳо аз ҷанги шаҳрвандӣ наҷот ёфт ва халқи тоҷик имрӯз дар фазои сулҳу осоиштагиву муттаҳидӣ зиндагӣ дорад, ки ин бузургтарин неъмат аст. Зеро, ин сулҳу ваҳдати бадастомада буд, ки мо Истиқлоли давлатиро ҳифз кардему таҳким бахшидем ва дар ҳошияи он ба созандагиву бунёдкорӣ ноил гардидем. Яъне чун сулҳу ваҳдату ҳамгироӣ пойдор аст, ҳамагуна созандагиҳову бунёдкориҳои дигар имконпазир мегарданд.

Дар ҳақиқат бунёдкориҳову созандагиҳо маҳз бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат барои мо ба миён омадаанд. Бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 30 ҳазор иншооти гуногун мавриди истифода қарор дода шудаанд. Ин маънои онро дорад, ки дар кӯчактарин деҳаи дурдасти куҳистони мо низ ҳатман иншооте бунёду мавриди истифодабарӣ қарор дода шудааст. Боз ҳам мавриди истиқболу қаноатмандӣ мебошад, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ даҳҳо ҳазор иншоот лоиҳакашӣ гардидаанду ба нақша гирифта шудаанд. Бошад, ки халқи тоҷик бо таҳкими сулҳу ваҳдату ҳамгироӣ ва заҳматписандиву бунёдкорӣ ба амалигардонии ҳама орзуву ормонҳо ноил гардад.

Дар ин сафар барои мо паҳлуҳои хотирмону баваҷдоварданда зиёд буданд. 170 нафаре, ки дар ин ҳайат қарор доштем, ба ду гурӯҳ тақсим шуда, аз мавзеъҳои зиёди сохтмон дидан намудем. Бояд зикр намуд, ки дар ин ҳайат устодону кормандони ботаҷриба зиёд буданд, ки қисмати муайяни онҳоро бонувон низ ташкил медоданд. Аз роҳбарияту масъулони нерӯгоҳ миннатдор ҳастем, ки моро хуб қабул ва аз бисёр воқеиятҳо огаҳ намуданд. Барои ҳамаи мо возеҳ гашт, ки ҳар як қитъаи ин сохтмон як олами хос мебошад ва ҳар як коргару муҳандис тартибу низоми кори худро дораду медонад.

Ҷамъияти меҳнатии НБО-и «Роғун» хеле бузург аст ва имрӯз зиёда аз 14,5 ҳазор нафар дар иншооти мазкур софдилона меҳнат мекунанд. Зиёда аз 3500 техникаву таҷҳизоти замонавӣ дар минтақаҳои гуногуни ин нерӯгоҳ дар пайи коранд. Дар минтақаҳои гуногуни сохтмон намояндагони халқу миллатҳои гуногунро низ дидан мумкин буд, ки якдилона бо бародарони тоҷики худ заҳмат мекашанд. Албатта, дар бораи ҷузъиёти ин сохтмон факту рақамҳои зиёд вуҷуд доранд, ки ба такрор дар атрофи онҳо таваққуф наменамоем. Шахсан ҳамчун як пажуҳишгари соҳаи иқтисод ҳаминро таъкид менамоям, ки барои кашфу таҳқиқи мантиқу моҳияти пурраи ин сохтмон ҳафтаҳову моҳҳо низ кифоят намекунанд.

НБО-и «Роғун» аҳамияти байналхалқӣ дорад ва боз ҳам сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар бунёди он ягон монеа вуҷуд надорад. Масъалаҳои марбут ба бунёди он аз ташхиси ҳамагуна комиссияҳои сатҳи байналмилалӣ муваффақона гузаштаанд. Бунёди ин нерӯгоҳ барои кишварҳои ҳамсояи мо, махсусан Ӯзбекистон, Туркманистону Қазоқистон низ манфиату аҳамият хоҳад дошт. Зеро, дар солҳои камобиву хушксолӣ обанбори «Роғун» ҳамчун манбаи захираи об мушкилоти зиёдеро осон карда метавонад.

Бояд қайд кард, ки дар ояндаи наздик ин нерӯгоҳ имкон дорад нерӯи барқи арзонро натанҳо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки ба Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавор интиқол намояд. Паҳлуи муҳими дигар он аст, ки ин нерӯгоҳ манбаи безарари тавлиди энергияи барқ ба шумор меравад. Пешниҳод ва ташаббуси панҷуми Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди проблемаҳои глобалии обу пиряхҳо ба ин масъала иртиботи зич дорад. Оқибатҳои ифлосшавии атмосфера (хушксолиҳо, сӯхторҳо, тӯфонҳо, селҳои харобиовар ва ғ.) ба чӣ оварда расонидааст, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум ва пешниҳодҳои судманди Тоҷикистон барои ҳаёти ҷомеаи башарӣ собит гардидааст.

НБО-и «Роғун» мантиқан ҳадафи чоруми стратегии кишвари моро амалӣ менамояд. Иқтисодиёти кишвари мо рушд менамояд ва ҳатман Тоҷикистон ба як давлати саноатии минтақа табдил меёбад. Аз ин баъд имкон ҳаст, ки шумораву теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ афзоиш ёбанд. Бунёди ин нерӯгоҳ сабаб мешавад, ки Тоҷикистон ба як давлати бузурги содиротӣ табдил ёбад ва шароити иқтисодиро дар ҷумҳурӣ босуръат тағйир диҳад.

Дастовезу туҳфаи мо барои кормандони ин нерӯгоҳ теъдои муайяни китобҳо ва рӯзномаҳову маҷаллаҳо буд. Ҳамзамон, Ансамбли халқии «Наврӯз”-и донишгоҳ бо барномаи махсуси ҳунарӣ табъи кормандони сохтмонро болида гардонид. НБО-и «Роғун» ва ДМТ ду ҷамъияти бузурги меҳнатӣ дар ҷумҳурӣ ба шумор мераванд. Як нуқтаи дигар мавриди зикр аст, ки агар Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то имрӯз 19 маротиба аз НБО-и “Роғун” дидан карда бошанд, дар ин муддат 15 маротиба ба ДМТ ташриф овардаанд, ки ин далел фарогири мантиқи махсус мебошад. Суҳбатҳо, муколамаҳо ва баёни нуқтаи назари муҳаққиқону устодони пуртаҷриба бо коргарону масъулини нерӯгоҳ баҳраҳои зиёд доштанд.

Хуллас, дар ин сафар як муддате руҳия ва фазои хоси маънавӣ шакл пайдо кард, ки ин мамнунияти ҳар ду ҷониб буд.

Аз ин сафар мо чӣ мехоҳем? НБО-и «Роғун» иншооти аср, меваи истиқлолу ваҳдат ва намунаи заҳмату нангу номуси халқи тоҷик барои наслҳои имрӯзу минбаъда мебошад. Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди ин нерӯгоҳ аз нав оғоз гардид ва он ҳатман пурра ба анҷом мерасад. Бояд халқи тоҷик имрӯзу оянда воқиф бошанд, ки НБО-и «Роғун» иншооти беназир аст ва он бо бузургии худ дар радифи бузургтарин нерӯгоҳҳои (НБО) ҷаҳонӣ қарор мегирад. Бунёди ин нерӯгоҳ таҳаввулоти бузурги иқтисодиву саноатӣ дар ҳаёти халқи тоҷик мегардад. Ҳамаи ин нуктаҳоро устодону муҳаққиқони донишгоҳ дарк мекунанд, нозукиҳои сохтмонро аз наздик диданд ва ҳар нафаре вобаста ба он ҳатман диду назари худро дорад. Натанҳо филологу журналист, балки иқтисодчиву таърихнигор, файласуфу сиёсатшинос, экологу биолог, дипломату ҳуқуқшинос, химику математик, геологу физик ва умуман намояндагони ҳама соҳаҳову ихтисосҳо дар атрофи он назари алоҳидаву хоси худро дошта метавонанд.

Набояд фаромӯш кард, ки лоиҳаву нақшаи бунёди ин нерӯгоҳ аз солҳои панҷоҳуми асри гузаштаи замони шуравӣ вуҷуд дошт, ки бинобар ҳасодату нотавонбиниҳои мухталиф ба таъхир меафтод ва ҳатто дар замони фурупошии Иттиҳоди Шуравӣ техникаву таҷҳизоту корҳои анҷомёфтаи он барбод рафта буданд. Бинобар ҳамин, имрӯз НБО-и «Роғун» ба як коргоҳи нангу номус барои миллати тоҷик табдил ёфтааст ва бояд ҳамаи мо нисбат ба ин иншооти тақдирсоз бетафовут набошем. Дар ин самт бошад, ҳар фарди зиёӣ, ки дар донишгоҳи азизамон фаъолият дорад, бо мавқеи ватандӯстии худ дар бунёду васфи аҳамияту қимати он ҳиссагузор буда метавонад. Ҳамзамон, ҳайати сафарнамуда ба ин нерӯгоҳ бояд хулосаву бардоштҳои худро дар раванди дарсҳо ба шогирдон баён намоянд, ки ин ҷиҳат низ хосияти баланди ватандӯстиву худшиносиро дар бар гирифта метавонад.

Бори дигар аз номи кулли устодону кормандону шогирдони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос менамоем, ки бо дастурҳои оқилонаашон чунин сафарҳои хотирмон роҳандозӣ мегарданд ва ҳамаи мо аз ин мактаби бузурги бунёдкориву созандагӣ дар НБО-и «Роғун» як олам маъниву таассуротро ҳосил карда метавонем.

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, профессор, ректори ДМТ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *