Сирк

Барномаи идонаи «Наврӯзи Истиқлол» дар Сирки давлатӣ

Аз 21 то 27-уми март дар Сирки давлатии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз таҳти унвони «Наврӯзи Истиқлол» барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда мешавад.

Дар ин бора ба Pressa.tj дар Сирки давлатии кишвар иттилоъ доданд. Гуфта шуд, ки дар барномаи ҷашнӣ Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор иштирок мекунанд.

Дар барнома инчунин намоиши гимнастҳо, дорбозҳо, ҳайвонҳои ромшуда ва масхарабозон низ ба инобат гирифта шуда, барои фароғати иштирокдорон равона гардидааст.

Дар барномаи имсола туҳфаҳо низ дода мешаванд. Ҳар иштирокчие, ки ба саволҳои ҳунармандон ҷавоб дода тавонад, соҳиби туҳфа мегардад.

Билетҳо дар хазинаи Сирки давлатӣ ҳамарӯза дастрас карда мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *