Баррасии масоили муқовимат бо коррупсия

29-уми май миёни роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Теа Ҷалиашвилӣ мулоқот сурат гирифт. Дар ин бора дафтари матбуоти агентии мазкур хабар медиҳад.

Тавре иттилоъ дода шудааст, дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Агентӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, доир ба масоили муқовимат бо коррупсия ва роҳҳои муосири бартарафсозии сабабҳо муколамаи судманд сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо вохӯрии имрӯзаро имкони хуби баррасии дарёфти роҳҳои ҳамкории мутақобила маънидод карда, мувофиқа гардид, ки дар ояндаи наздик санади ҳамкории муштарак ба имзо расонида шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *