Баррасии мавзуи марзи Афғонистон дар нишасти СААД

Дар Минск дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД масъалаи таҳкими бахшҳои марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд.

Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ ин ҳайати Тоҷикистонро сарварӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки ширкаткунандагони нишаст ҳамчунин доир ба таҳияи барномаи дахлдори байнидавлатии ин созмон табодули назар кардаанд. Ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ҳаҷми аслиҳа ва техникаи неруҳои марзбонӣ афзоиш ёбад.

Илова бар ин, ҷалби Туркманистон ва Ӯзбекистон дар фаъолияти созмон дар рӯзномаи Афғонистон баррасӣ шудааст. Аз рӯи натиҷаи ҷаласа як қатор созишнома имзо шуда, дар бораи вазъияти Афғонистон изҳорот қабул карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *