Беш аз 1 млрд. Фоидаи бонкҳои Тоҷикистон дар соли 2022

Даромади бонкҳои Тоҷикистон дар як соли охир ёздаҳ дарсад афзуда, ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расидааст. Дар ин бора сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, «Душанбе Сити Бонк» соли гузашта ҳудуди 150 миллион сомонӣ фоида гирифтааст.

«Ориёнбонк» бошад, дар соли гузашта беш аз 98 миллион сомонӣ фоидаи соф гирифтааст, ки дар муқоиса ба соли 2021-ум 30 миллион сомонӣ камтар аст.

«Бонки байналмилалии Тоҷикистон» даромадашро дар соли гузашта 92,5 миллион сомонӣ ҳисоб кардааст.

“Коммерсбонки Тоҷикистон” гуфтааст, ки дар соли гузашта беш аз 43 миллион сомонӣ суд бардошт.

“Спитамен Бонк” ба Бонки миллии Тоҷикистон фоидаи софашро дар соли гузашта зиёда аз 27 миллион сомонӣ гузориш дод.

Фоидаи софи «Эсхата» ба зиёда аз 317 миллион сомонӣ расидааст. Ин нишондоди баландтарин дар миёни бонкҳои ҷумҳурӣ аст.

Фоидаи солонаи “Аввалин бонки молиявии хурд” беш аз 39 миллион сомониро ташкил додааст.  

«Алифбонк» фоидаи софашро ба 42,6 миллион сомонӣ расонидааст.

Ягона бонке, ки соли гузашта бо тақрибан 1 миллион сомонӣ зиён корашро поён дод, «Халиқ Бонк Тоҷикистон» будааст.

Дар Тоҷикистон 15 бонк фаъол аст. Ба иттилои Бонки миллӣ, 20 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 3 ташкилоти қарзии хурд ва 26 фонди қарзии хурд низ ҳастанд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *