Беш аз 200 бонуи тоҷик ба омӯзиши барномаҳои компютерӣ ҷалб мешаванд

Беш аз 200 нафар бонуи тоҷик ба курсҳои омӯзиши компютерӣ фаро гирифта мешаванд. Барои ин ташаббус Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон ба дуввумин ташкилоти маблағгузории хурд — Ташкилоти амонатии қарзии хурди /ТАҚХ/ «Ҳумо» маблағҳои нав пешниҳод кардааст.

Қарз ба андозаи 2 миллион доллар устувории корхонаҳои хурди ватаниро тақвият бахшида, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Дар чаҳорчӯби ин лоиҳа «Ҳумо» бо як мактаби касбии маҳаллӣ муттаҳид хоҳад шуд, то нозукиҳои омӯзиши компютериро пешниҳод намояд.

Омӯзиши курсҳои компютерӣ ба занон имкон медиҳад, ки малакаи технологияҳои иттилоотиро дар бахши бозаргонӣ дастрас намоянд ва қобилияти касбиашонро беҳтар созанд. Он ҳамчунин ба ҳалли мушкили саводнокии компютерӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки танҳо 11 дарсади аҳолиаш малакаи компютерӣ доранд, мусоидат хоҳад кард. Гуфта мешавад, ки то имрӯз БАТР тавассути 155 лоиҳа ба иқтисоди Тоҷикистон 958 миллион евро сармоягузорӣ кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *