Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Абдуҷаббор РАҲМОНЗОДА, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

— Ҳатто бузургтарин адиби қирғиз Ч. Айтматов ба адабиёти тоҷик баҳои баланд дода, таъсири осори адибони тоҷикро ба эҷодиёташ махсус таъкид намудааст.

— Ҳоло ба гӯши қирғизи беадаб лексияи адабӣ хондан беҳуда аст, устод. Айни замон, Айтматов як тараф, гапи падаронашонро ҳам гӯш намекунанд.

Бароти АБДУРАҲМОН, Нависандаи халқии Тоҷикистон

— Шуҳрат — ин ҳамон пойдевори сунъии қоғазӣ аст. Пойдеворе, ки болои он мебароӣ ва як вақт худат намефаҳмӣ, ки меафтӣ. Барои ҳамин, дар болои замин гаштан беҳтар аст, чун замин устувор аст.

— Бисёриҳо аз рӯйи мақоли “як рӯз бошу хурӯс бош” амал мекунанд-дия! Барои ҳамин, агар пойдевори сунъии қоғазӣ будани шуҳратро донанд ҳам, болояш мебароянд.

Муҳаммадтақӣ СОБИРӢ, сафири Эрон дар Тоҷикистон

— Яке аз омилҳои муҳим барои ҳамкориҳои тиҷорӣ ва сармоягузорӣ тавассути фаъолони иқтисодии ду кишвар эҷоди заминаи муносиб барои фаъолияти сармоягузор ва коҳиши расмиёти идорӣ мебошад.

— Пешакӣ дар бораи “коҳиши расмиёт” гуфта истодаед, вақте ки заминаи муносиб фароҳам ояд, аз супоридани андозҳо гурехтаниед чӣ?

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.