Толеъномаи 24-уми сентябри соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз фикру андешаҳои мағшушро аз худ дур созед, то ки табъатон хира нагашта, сарҳисоби корро гум накунед. Мутаассифона, чизе наметавонад хотиратонро болида гардонад. Бар замми ин, дурӯягӣ ва бесадоқатии атрофиён ва нафаронеро, ки аз онҳо худро дур гирифта наметавонед, бараъло эҳсос мекунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз шумо аз дастгириву мадад расонидан ба дигарон эҳсоси қаноатмандӣ мекунед. Ба дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои хотирмону гуворо тақдим намоед. Дар коргоҳи худ ҳама ҷоро ба тартиб дароварда, бурд мекунед. Саломатии наздикони худро беназорат нагузоред.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рӯзи хубест барои харидани туҳфа. Ба дӯстдорони машрубот зиёд истеъмол намудани онро тавсия намедиҳем, вагарна дар мастӣ беақлиҳои зиёде карданатон имкон дорад. Аз ҳад зиёд манманиву худпарастӣ накунед, вагарна дӯстонро аз худ дур месозед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз қулфи даҳонатон кушода шуда, ба атрофиён нақлҳои аҷиб мекунед. Нафареро, ки дӯст медоред, бо сухани хуш ё туҳфае шод гардонед. Нафароне, ки нияти оиладоршавӣ доранд, вале дар интихоби худ дудила шудаанд, хубтар мебуд, ки айни замон сари ягон қарори ҷиддӣ наоянд.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рӯз аз пайи анҷом додани корҳое шавед, ки чанд муддат ба таъхир мегузоштед. Нафароне, ки бо ҳуҷҷатҳои молиявӣ сарукор доранд, дучори ғалату мушкилиҳо мегарданд. Баъзеҳо самти фаъолияти худро тағйир медиҳанд, ҷои зисташонро иваз мекунанд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз нафарони зиёде аз шумо маслиҳату дастгирӣ мепурсанду худро шахси даркорӣ эҳсос карда, табъатон болида мегардад. Хушомадгӯии нафаре маъқул мешавад ва тобеи ин нафар мегардед. Худро тавоно ҳис карда, ба коре, ки аз уҳдааш намебароед, даст назанед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи бебарор аст, нофаҳмиву туҳмат зиндагиятонро бемазмун мегардонад. Бо атрофиён муноқиша карданатон эҳтимол дорад. Бо корҳои шубҳанок машғул шуданро маслиҳат намедиҳем, вагарна ба доми фиребу найранг афтоданатон имкон дорад. Ба кумаки дӯсти ниёзмандатон шитобед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Нафаре ба дилатон роҳ ёфта, тамоми рӯз бо табъи болидаву дили лабрези орзуву ҳавасҳо мегардед. Имрӯз орзуи наҷибтарини худро ҷомаи амал пӯшонида метавонед. Барои иваз кардани ҷойи кор ва кӯчидан ба хонаи нав рӯзи бобарор аст. Эҳтимоли шамол хӯрдани гурдаҳоятон зиёд аст.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Хоберо, ки дар ин шаб мебинед, аз бисёр ҳодисаҳо шуморо ҳушдор месозад. Нафареро дастгирӣ карда, маслиҳати судманд медиҳед. Бо дӯстдоштаи худ муноқиша карданатон эҳтимол дорад. Шуморо лозим меояд, ки гуноҳи худро ба гардан гирифта, роҳҳои оштишавиро пайдо намоед. Аз ҷойҳои торик ва мавзеҳои серодам дурӣ ҷӯед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз аз дӯстдоштаи худ ҷудо шуда, баъдан сахт пушаймон мешавед. Ягон маъракаву зиёфат оростанро маслиҳат намедиҳем. Агар дӯсти деринатон шуморо ба ҳамкорӣ даъват намояд, ҷасурона розӣ шавед. Шамол кашидану хурӯҷ намудани бемориҳои музмин имкон дорад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Агар далвҳои беҷуръат имкони ба кори наве даст заданро пайдо намоянд, бояд имконро аз даст надиҳанд. Вақте дар ҳаётатон муҳаббат пайдо шуд, дӯстони худро фаромӯш насозед. Нафаре аз шумо сахт ранҷидааст. Барои хариди калон рӯзи мусоид нест, мол ё ашёи харидаатон бесифат мебароянд.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз мушкилоти оилавӣ ва пулиро мустақилона рафъ кардан мехоҳед. Албатта ин коратон хуб аст, назар ба он ки аз дӯстону наздикони худ кумак пурсед. Дар ҷодаи муҳаббат ҳодисаи ногувор рух медиҳад. Ба нафаре ошиқ мешавед, ки аллакай оилаи худро дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.