Бинои нави Донишкадаи исломӣ моҳи сентябр ифтитоҳ мешавад
29-уми июл дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон гуфта шуд, ки бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон, ки сохтмонаш соли 2018 дар шафати масҷиди нави Душанбе оғоз шуда буд, моҳи сентябр ифтитоҳ мегардад.
Нусратулло Зокирзода, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон гуфт, ки онҳо тақрибан як моҳ пас ба бинои нав мекӯчанд.
“Донишҷӯёни Донишкадаи исломӣ дар соли таҳсили нави 2025-2026 дар бинои нав таҳсил мекунанд”,- зикр кард Зокирзода.

Бинои нави Донишкадаи исломӣ дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе, дар шафати масҷиди калонтарини кишвар ҷойгир аст.
Бояд гуфт, ки сохтмони бинои нави Донишкадаи исломӣ соли 2018 оғоз шуда буд. Он барои 1 ҳазору 500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар майдони қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.
Бинои асосии он аз 5 қисм (блок)-и ҳафтошёна иборат аст. Тибқи лоиҳа, 3 қисми иншоотро асосан биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ ва 2 қисми дигарро хобгоҳҳои замонавӣ, толори муосири варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ