БМТ қурби рубл ва сомониро барои имрӯз муайян кард

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз, 15-уми август қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ муқаррар кард.

Ҳамин тавр, 1 доллари ИМА 10.2569 сомонӣ, 1 евро 10.6144 сомонӣ, 1 рубли русӣ 0.1645 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин, имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА аз 10.2569 то 10.2500 сомонӣ;

1 евро аз 10.6144 то 10.6400 сомонӣ;

1 рубли русӣ аз 0.1645 то 0.1670 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *