Бо як зарба ҷавони 21 соларо кушт…

Имрӯзҳо дар саросари кишвар тибқи иттилои дастрасшуда огоҳӣ меёбӣ, ки дар ин ё он шаҳру ноҳияву деҳот як ҷавон марди 50 соларо зада кушт ва ё дар натиҷаи кордкашиҳо ҳалок гардид ва ё зану додару падарарӯсашро ба қатл расонид. Ин чист? Бедодгарӣ?!

 Сокини 23-солаи шаҳри Душанбе дар қатли як ҷавони 21-сола аз ноҳияи Восеъ муттаҳам дониста мешавад.

Бин ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, гумонбаршуда сокини кӯчаи А. Синои шаҳри Душанбе буда, дар қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ, ки ба марг анҷомидааст, муттаҳам мешавад.

Манбаъ меафзояд, ҳодисаи нохуш шоми 17 сентябр, тахминан соати 21:30 дар дохили майдончаи варзишӣ, воқеъ дар кӯчаи А. Навоии пойтахт рух додааст.

«Дастгиршуда бо ҷавони 21-сола аз ноҳияи Восеъ ҷангу ҷанҷол намуда, як маротиба бо мушт ба рӯи ӯ зарба задааст», — омадааст дар хабари вазорат.

Гуфта мешавад, сокини Восеъ аз ин зарба ба замин афтода, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.