Бонги хатар! Ҳушдор ба волидон, ахбор барои мақомот (аудио)

Рӯзноманигори тоҷик Абдуқодир Талбаков бо пахши чанд акси буҷулбозӣ дар саҳифаи фейсбукии худ аз беэҳтиромӣ нисбати асъори миллӣ нигаронӣ кард.

Мавсуф бо нигаронӣ дар мавриди усули ин бозӣ сухан гуфта, волидонро ҳушдор додаву бо ишораи “ахбор барои мақомот” иттилоъ ироа кардааст.

— Буҷилбозӣ (моли мо нест!), буҷилҳо бо сомонӣ пӯшонида мешаванд, як навъ қиморбозӣ, дақиқтараш устухон-буҷилҳо болошон бо 1-3-5-10 сомонӣ пӯшонида мешаванд, бозингари буҷилзан бо буҷиле аз масофаи 3-4 метр нишон мегирад ва мерган бошад, пул кор мекунад. Ҳатман мақомот пеши роҳи ин бозиро бояд бигиранд. Сухан атрофи қадру қиммати пули миллӣ!,- навиштааст рӯзноманигор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *