Роғун

Бонки Ҷаҳонӣ ба «Роғун» $ 15 миллион медиҳад

Шӯрои мудирони Бонки Ҷаҳонӣ (World Bank) ба Тоҷикистон 15 миллион доллар грант ё ёрии бебозгашт медиҳад.

Дафтари матбуоти Бонки Ҷаҳонӣ дар эъломияе гуфт, ки пул барои дастгирии фаннии тарҳи нерӯгоҳи “Роғун” истифода хоҳад шуд.

“Ин дастгирии техникӣ барои ба кор ҷалб кардани коршиносон дар соҳаи бехатарии сарбанд ва чаҳорчӯбаи экологӣ ва иҷтимоӣ аст,”- омадааст дар эъломияи Бонки Ҷаҳонӣ. «Роғун» бо иқтидори 3600 мегават бузургтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад буд ва тавлидоти нерӯи барқро дар Тоҷикистон ду баробар зиёд хоҳад кард. Садди нерӯгоҳ бо баландии 335 метр баландтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд. Айни замон ду агрегати нерӯгоҳи “Роғун” пас аз истифодаи расмӣ кор мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *