Борон меборад!

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, охири рӯз борон меборад. Чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 9 то 11 дараҷа ва рӯзона аз 27 то 29 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ доданд.
Бо такя ба маълумоти мутахассисони ин ниҳод, имрӯз дар вилояти Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар охири рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5 дараҷа ва рӯзона аз 15 то 20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона аз 6 то 11 дараҷа сард ва рӯзона аз 5 то 10 дараҷа гармӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар вилояти Xатлон ҳавои абрнок, дар охири рӯз бориши борони кӯтоҳмуддат пешгӯйӣ гардидааст. Чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад ва шиддатнокӣ дар баъзе ҷойҳо аз 17 то ба 22 метр мерасад. Гармии ҳаво шабона дар водиҳо аз 13 то ба 18 дараҷа ва рӯзона аз 26 то ба 31 дараҷа мерасад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, дар охири рӯз боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона аз 13 то 18 дараҷа ва рӯзона аз 18 то 23 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар охири рӯз борон меборад. Чангу ғубор ба амал меояд. Вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати аз 2 то 7 метр дар як сония ва шиддатнокӣ дар баъзе ҷойҳо аз 13 то ба 18 метр дар як сония мерасад. Дар водиҳо шабона аз 7 то 12 дараҷа ва рӯзона аз 24 то 29 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *