Бостоншиносе, ки хоки шаҳри қадимро ғалбер кардааст

Яке аз бостоншиносони варзидаи кишвар номзади имҳои таърих, ходими калони илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Қурбонов Шароф Файзуллоевич мебошад, ки дар таҳқиқи як қатор ёдгориҳои бостоншиносии кишвар саҳми арзанда дошта, барои омода намудани мутахассисони самти хеш пайваста дар талош мебошад.

Шароф Қурбонов 15-уми марти соли 1957 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, ҳанӯз аз замонҳои мактабхонӣ ба бостоншиносӣ рағбати калон дошт. Солҳои 1968-1970 дар маҳфили “Бостоншиноси ҷавон” таҳти роҳбарии бостоншиноси варзидаи тоҷик Абдуллоҷон Исҳоқӣ ширкат вазида, аз таърих ва фарҳанги моддии гузаштагони халқи тоҷик баҳравар мегашт.

Пас аз хатми факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1981-1986) ва аспирантураи шуъбаи бостоншиносии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон (1986-1989) ҳамчун ходими хурди илмии Институти таърих, бостоншносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш (1989-1996) фаъолият намуда, пас аз хатми аспирантура ва ҳимояи рисолаи номзадӣ (1999) фаъолияти илмии худро дар самти бостоншиносӣ ва педагогӣ идома медиҳад.

Қурбонов Ш. Ф. аслан рисолаи номзадии хешро дар мавзуи “Ёдгориҳои замони антиқаи болооби Зарафшон” дифоъ намуда бошад ҳам, дар ҳафриётҳои мухталифи кишвар бо ҳамкасбони ватанӣ ва хориҷӣ ширкат варзидааст. Аз ҷумла, дар ёдгориҳои бостоншиносии замонашон гуногун, ба монанди Тали Хамтуда, Мустафотеппа, Холиқназар, Саразм, Панҷакенти Қадим, шаҳраки Санҷаршоҳ дар шаҳру деҳоти Панҷакент, мавзеи Дашти Усто Обиди назди деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ, Қалъаи Ҳисораки ноҳияи Куҳистони Масчоҳ ва ғайра ширкат варзида, барои дарки масоили мухталифи таъриху фарҳанги гузаштагони ин сарзамин саҳм гузоштааст. Натиҷаҳои фаъолияти илмии эшон дар зиёда аз 85 мақолаву монография дарҷ ёфтаанд, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба нашр расидаанд.

Яке аз муҳимтарин самти фаъолияти бостоншинос Ш. Ф. Қурбонов таҳқиқи Панҷакенти Қадим мебошад. Бояд хотирнишон намуд, ки устод ҳанӯз аз замони макабхонӣ дар ин ёдгории беназири кишвар фаъолият намуда, беш аз 40 сол аст, ки хоки Панҷакенти Қадимро аз диди илмӣ “ғалбер” мекунанд. Феълан, Панҷакенти Қадимро касе дар сатҳи эшон наомӯхтааст. Ш. Ф. Қурбонов қабатҳои мадании ин шаҳрро дар сатҳи зарурии таҷрибавӣ ва назариявӣ дарк мекунанд. Қисмати шарқӣ ё қад-қади девори муҳофизатии шарқии Панҷакенти Қадим, ки мо бостоншиносон онро соҳаи 26-ум мегӯем, то соли 2016 мавриди пажуҳиши Шароф Қурбонов қарор дошт. Дар ин давра зиёда аз 65 ҳуҷраҳои хусусияташон гуногун кушода шудаанд. Натиҷаҳои таҳқиқоти Шароф Қурбонов дар ин қисмати шаҳри қадима нишон дод, ки шаҳр дар асри 7-8-и мелодӣ ба як марҳилаи ташаккули фарҳанги моддии худ расида буд. Аз соли 2017 ин ҷониб аз ҷониби устод соҳаи бостонии 30-юмро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ки он дар қисмати ғарбии шаҳр ҷойгир буда, бо бозёфтҳои нодири худ диққати муҳаққиқони маданияти Суғдро ба худ ҷалб мекунад.

Самти дигари фаъолияти Ш. Ф. Қурбонов проблемаи ҳифзи ёдгориҳо ва ташкили осорхонаҳои кушод дар ҳудуди онҳо буд. Таҷрибаи консерватсияи кӯшк дар мавзеи бостоншиносии шаҳраки Санҷаршоҳ қобили таваҷҷуҳ аст. Чунин усули нигоҳдории ёдгорӣ, ки аз хишти хом бунёд ёфтааст, бори аввал дар қаламрави Тоҷикистон истифода шудааст.

Дар ҷодаи бостоншиносӣ Ш. Ф. Қурбонов А. Исоқов, Б. И. Маршак ва В. И. Распоповаро устодони хеш шуморида, имрӯз худ устоди як қатор донишандӯзону унвонҷӯёни ҷавон мебошад. Устод аз ҳисоби донишҷӯёни риштаи таърихи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва имкониятҳои бостоншиносии болооби Зарафшон барои омода намудани кадрҳои ҷавон пайваста кӯшиш менамояд. Имрӯз шогирдони ҷавони эшон Абдураҳмон Пулотов, Фирӯз Аминов, Алишер Ҷумъақулов, Саидшоҳи Сангалӣ, Муҳаммаҷон Юсупов ва дигарон дар самтҳои гуногуни бостоншиносӣ ва омӯзиши таърихи ватанӣ фаъолият доранд.

Бостоншиноси варзида Шароф Қурбонов имсол ба синни мубораки 65 расиданд. Умри дароз, тансиҳативу хотирҷамъӣ ва кашфиётҳои нави илмии эшон орзуи мо — шогирдон аст.

Абдураҳмон ПУЛОТОВ,

Фирӯз АМИНОВ,

кормандони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.