Толеъномаи 20-уми июни соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз ҳалли корҳоятонро ба таъхир мегузоред ё бо дахолати шумо корҳо ақиб мемонанд. Роҳи дурусти ягона айни замон ташаббусро ба даст гирифтану кори имрӯзаро ба фардо нагузоштан аст. Қувваву нерӯи зиёдро сарф карданатон лозим меояд. Танқидро нисбати худ қабул кунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Имрӯзро рӯзи тақдирсоз номидан номумкин аст. Вақти корӣ ва озоди худро гуногунранг созед, ба умеди касе нашавед, уҳдадориҳоятонро худатон иҷро намоед. Нафароне, ки бо замин сарукор доранд, барояшон рӯзи бобарор аст. Дар хоб шунидани аккоси саг аз он далолат медиҳад, ки шумо ба хатоӣ роҳ дода истодаед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Рӯзи душвор аст. Муошират ва робитаҳо дилатонро аз шарикони корӣ сард месозад. Эҳтимол бо дӯстон муноқиша мекунед ё хабари ногувор шунида, табъатон хира мегардад. Гирифтори асабхаробӣ шуданатон дар назар аст. Ошиқон муноқиша мекунанд. Эҳсосоти худро идора кардану ислоҳ намудани камбудиҳоятонро омӯзед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Ҳарчанд тағйироти ҷиддӣ рух надиҳад ҳам, ба танбалӣ роҳ надиҳед. Муносибат бо наздиконатон ба шарте хуб ҷараён мегирад, ки шумо гузашт кардану бо шартҳои онҳо розӣ шуда тавонед. Барои беҳтар сохтани вазъи молиявӣ рӯзи мусоид аст. Саломатиро дар ҷойи аввал гузоред.

Асад (23 июл-23 август)

Рӯзи душвор аст, барор ҳар лаҳза аз шумо рӯ тофта метавонад. Дар рафъи ҳама гуна мушкилӣ нерӯи зиёд сарф мекунед. Аз вохӯрӣ бо сардор ё нафарони воломақом худдорӣ намоед, аз баҳсу суҳбатҳои нодаркор дурӣ ҷӯед. Нафаре ба ҳолати молиявии шумо таъсири манфӣ мерасонад.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯзи душвор аст. Аз муноқиша бо наздикон худдорӣ намоед. Эҳсосоти худро идора кардан душвор мегардад. Агар гумон кунед, ки рафторатон дуруст аст, ғалат мекунед. Вазъи саломатиятон яку якбора душвор гашта, табъатон нохуш мешавад ва ҳатто ба ҳолати яъсу ноумедӣ гирифтор мешавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Рӯзи душвор, ваъдаҳои дурӯғ, умедҳои барбодрафта имкон доранд. Ҳама гуна фаъолияти тиҷоратӣ хисороти пулӣ меорад. Фориғболӣ нисбати кор садди роҳи расидан ба муваффақият мегардад. Ба рафтори беандеша ва амалҳои хатарнок даст назанед. Ба гапи калонсолон ва нафарони ботаҷриба гӯш диҳед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Рӯзи ором аст. Ба хабарҳои ногувор нигоҳ накарда, муносибатҳоятонро бо атрофиён дуруст ба роҳ монда, вазъи молиявиро беҳтар месозед. Муваффақияти шумо аз сабру таҳаммул ва оқилона рафъ намудани мушкилиҳоятон вобастагӣ дорад. Аз ҷониби наздикон муҳаббату эҳтиром мебинед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи душвор аст. Дар ҳама кор боэҳтиёту ҳушёр буданатон лозим меояд, вазъият тавре сурат мегирад, ки шумо интизор набудед. Дар масъалаҳои молиявӣ имкониятҳои худро ба назар гиред. Дар ин рӯз нақшаву ниятҳоятон амалӣ намешаванд. Навигариҳои зиндагии худро ба нафаре, ки дӯстатон нест, нақл накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Рӯзи душвор аст. Нерӯи ҳаётиятон дар сатҳи баланд қарор дорад, вале ниятҳоятон амалӣ нашуда, бо атрофиён забон ёфта наметавонед. Агар эҳсос намоед, ки ҳамсуҳбататон бо шумо ошкоро гап намезанад, ба ӯ фишор наоред. Ба нафароне, ки бемориҳои роҳи нафас доранд, нӯшокиҳои сард истеъмол карданро тавсия намедиҳем.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз барои харид кардану таъмири хона мусоид аст. Қобилиятҳои ташкилотчигии худро ба кор бурда, ба вазъият мутобиқ гашта, бо истодагарӣ ба мақсад расида метавонед. Обрӯву нуфузатон нисбатан боло рафта, аз роҳи тайнамудаи худ қаноатманд мегардед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Вазъияти ногуворе, ки имрӯз пайдо мешавад, бо шахси дӯстдоштаатон алоқамандӣ дорад. Шумо нисбати ёратон бепарвоӣ зоҳир намуда, боиси ранҷиданаш мегардед. Кӯшиши гузашт кардану бо ҳам созиш карданро намоед. Эҳтимоли фаромӯшхотир ва парешон гаштанатон вуҷуд дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.