Барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзи 27-уми июни соли ҷорӣ ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанги кишвар, барномаи фарҳангию фароғатӣ соати 18:00 оғоз гардида, дар доираи он баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.

Ҳамзамон, дар чор ноҳияи пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ баргузор мегарданд.

— Инчунин, дар ин рӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир гардида, дар театрҳои шаҳри Душанбе намоишҳои ҷолибу диданӣ ва барномаҳои фарҳангӣ низ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *