«Бот» барои шикоят аз муҳоҷирон
Дар шаҳраки Сосенскии Маскави Нав як «Телеграм-бот» ё ҳуши маснуъиеро сохтанд, ки сокинон метавонанд тавассути он аз болои муҳоҷирон ба пулис шикоят баранд. Дар ин бора вакили Думаи шаҳри Маскав Александр Козлов хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки минбаъд сокинони маҳаллӣ метавонанд ба ин «бот» алайҳи муҳоҷироне, ки дар манзилҳо ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд, шикоят кунанд. «Телеграм-бот» бошад, ин шикоятҳоро ба мақомот мерасонад.
Ба гуфтаи манбаъ, дар давоми чор моҳи фаъолияти ин ҳуши маснуъӣ дар натиҷаи арзу шикоятҳои сокинон 42 маротиба санҷиши муҳоҷирон гузаронида шудааст. Дар натиҷа нисбати 100 нафар аз муҳоҷирон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, 32 нафар аз Русия ихроҷ гардидаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ