Боз як маҳдудияти дигари Русия барои хориҷиён
Ҳукумати Русия квота барои иҷозаи зисти хориҷиёнро дар Русия барои соли 2025 ба миқдори 5,5 ҳазор адад тасдиқ кард.
Дар муқоиса ба соли 2024, ки шумори квотаҳо ба 10,6 ҳазор адад баробар буд, акнун Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) қариб 2 баробар кам шуд. Ҳамаи иҷозаҳо ба минтақаҳо мувофиқи дархости онҳо тақсим карда мешаванд.
Шумори бештари квотаҳо маъмулан ба вилояти Маскав рост меояд: соли 2025 ба ин минтақаҳо мутаносибан 1 ҳазор ва 350 адад квота (соли 2024-ум 1,5 ҳазор ва 750 адад) ҷудо шудааст.
Квотаҳо барои Санкт-Петербург аз 300 то 200 иҷоза кам шудааст. Тотористону Бошқирдистон, ки соли гузашта ҳар кадоме 250 квота доштанд, имсол 100-квотагӣ мегиранд.
Тайи 5 соли охир шумораи квотаҳо сол то сол кам мешавад. Ба ин тариқ, соли 2021 ҳукумат зиёда аз 39 ҳазор, соли 2022 ҳудуди 19 ҳазор ва соли 2023-юм 13,5 ҳазор квотаи иҷозаи зисти муваққатӣ ҷудо карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ