Боздид ва шиносоии донишҷӯёни ду донишгоҳ аз фаъолияти Амонатбонк (10 акс)

2 – юми марти соли ҷорӣ ҳайати устодон ва донишҷӯёни ихтисоси иқтисодиёт ва идоракунии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ва донишҷӯёни ихтисоси кори бонкии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз фаъолият ва хизматрасониҳои БДА ҶТ “Амонатбонк” шинос гардиданд.

Аввал донишҷӯён дар бинои марказии Амонатбонк аз департаменти хазинадорӣ ва департаменти пардохти нафақа ва кортҳои бонкӣ дидан намуда, мутахассисони бонк аз  хизматрасониҳои бонкӣ ба онҳо маълумот пешниҳод намуданд.

Донишҷӯён аз осорхонаи бонк низ дидан намуда, оид ба таърих ва дастовардҳои Амонатбонк дар тӯли фаъолияташ маълумот гирифтанд.

Сипас, дар толори барҳавои бонк раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ бо рӯнамо баромад намуда, доир ба фаъолият, хизматрасониҳо ва дастовардҳои бонк ба ҳозирин маълумот дод.

Гуфта шуд, ки ба ҳолати имрӯза 75 филиал ва  546  марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар, ҳатто дар дурдасттарин манотиқ ба аҳолии кишвар хизматрасониҳои гуногуни бонкиро пешниход намуда истодаанд.

Дар раванди саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодиёти рақамӣ ва боз ҳам рушд додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, бонк 667 нуқтаи қабули маблағҳои коммуналӣ ва 358 нуқтаи қабули маблағҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмиро роҳандозӣ намуда, 631 адад постерминалҳоро дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ насб намудааст.

Барномаи мобилии Бонк (“Амонат-мобайл”) низ, барои  пардохти маблағҳои коммуналӣ, пардохтҳо ба телефонҳои мобилӣ, интиқоли маблағ, бахусус барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар амалиётҳои бонкӣ ба таври ғайринақдӣ мусоидат намуда истодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *