Боздиди Президент аз ду хоҷагии деҳқонии Турсунзода

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагиҳои деҳқонии “Муродҷон”ва “Сомон-2016” ташриф овард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.

“Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” серсоҳа буда, дар деҳоти Турсун Тӯйчиев ҷойгир аст ва он соли 2018 аз ҷониби оилаи Мадраҳимовҳо таъсис дода шудааст. Дар тавозуни хоҷагӣ 64 гектар замин мавҷуд буда, аз ин ҳисоб дар масоҳати 1,2 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар як гектар гандум кишт карда шудааст. Айни замон дар хоҷагӣ 54 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳо сокинони маҳаллаҳои атроф буда, бо маоши хуб таъмин мебошанд. Хоҷагидорон умед доранд, ки аз пиёзи барвақтӣ беш аз 100 тонна ҳосил ҷамъоварӣ мекунанд”,- омадааст дар хабар.

Пас аз он, Сарвари давлат аз хоҷагии деҳқонии “Сомон-2016” дидан кардааст. Хоҷагии мазкур 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, ба парвариши бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, тарбуз, ҷуворимакка барои дон ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад. Он соли 2016 ташкил гардида, дар он 8 саҳмдор ба корҳои кишоварзӣ машғуланд.

Зимни боздид иттилоъ дода шудааст, ки дар масоҳати 1,50 гектар замини хоҷагӣ токзор бунёд карда шуда ва байни қаторҳои ток тарбузи навъи “Холлер” шинонида шудааст.

Ҳамчунин дар як гӯшаи замин деҳқонон қаламфури булғорӣ шинонидаанд, ки то 2 тонна маҳсулот ва дар 5 садяк замини хоҷагӣ помидори навъи “Пемболле” шинонида шудааст ва тибқи интизорӣ бояд то 15 тонна помидори аълосифат ҷамъоварӣ карда шавад.

2 садяк замини дигарро аҳли заҳмат барои парвариши бодиринг истифода бурдаанд, ки тибқи тахминҳо, то 10 тонна бодиринг ба даст оварда мешавад. Бояд гуфт, ки зироатҳои гуногун дар ин хоҷагӣ асосан бо усули зери плёнка парвариш ёфта, дар масоҳати 1,50 гектар замин гармхонаи доимоамалкунандаи муосир бунёд меёбад.

Иттилоъ дода шудааст, ки аз ин нақша дар масоҳати 60 садяк замин имсол гармхона бунёд гардида, хоҷагидорон то кунун 50 тонна маҳсулоти аълосифат ҷамъоварӣ кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *