Боздошт бо гумони истифодаи шаҳодатномаи қалбакии ронандагӣ

Аббос Ҳасанови 26-сола бо гумони истифодаи шаҳодатномаи қалбакии ронандагӣ дастгир гардидааст.

Ӯ сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Деваштич мебошад ва кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара ӯро ҳангоми рондани воситаи нақлиёти тамғаи «Митсубисӣ», бо рақами tj 03 35 BR 02 барои қоидавайронкунӣ боздошт кардаанд.

“Номбурда ба тафтишоти пешакӣ иқрор шудааст, ки ҳангоми қарор доштан дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия шаҳодатномаро бар ивази 30 000 рубли русӣ ба даст овардааст”,- омадааст дар хабарномаи ин ниҳод. Нисбати ӯ бо моддаи 340-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *