Боздошт ва ҳабси ҷавоне, ки нисбати духтар бадрафторӣ кард (аудио)

Кормандони милитсия ҷавонеро дастгир карданд, ки барои таҳқиру дашноми ҷавондухтар айбдор ва ҳабс шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, Давлатшозода Амир, соли таваллудаш 2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дастгир карда шудааст.

Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки Давлатшозода Амир ҳангоми дар суроғаи ноҳияи Сино, кӯчаи Б. Ғафуров қарор доштан, нисбати ҷавонзани шикояткунанда бо алфози қабеҳ шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст. Алфози қабеҳ ва амалу рафтори зиддиахлоқии номбурда, ки дар наворҳо сабт гардидаанд, пурра исботи худро ёфтаанд.

Нисбати Давлатшозода Амир дар асоси қарори Суди ноҳияи Сино ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз татбиқ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *