Боздошт ва ҳукми раиси қаллоб дар Ишкошим
Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз қаллобӣ ва сӯйистифода аз мансаби раиси ҷамоати Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим хабар дод.
Тибқи иттилои манбаъ, Карамшоев Зеваршоҳ баробари таъин шуданаш ба вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Қозидеҳи ноҳияи Ишкошим аз мансаби худ сӯйистифода карда, бо сармуҳосиби ҷамоат Мирзоев Аёмбек забон як мекунад ва моҳҳҳои март-феврали соли 2022 ба номи собиқ муҳандис-заминсози Ҷамоат Шакарбеков Отиф маблағ ҷудо карда, аз они худ мекунад. Маблағи тасарруфгардида 1832 сомониро ташкил медиҳад.
Бори дигар маблағи яксолаи барои сӯзишворӣ ҷудошударо, ки дар маҷмуъ 5124 сомониро ташкил медод, гирифта ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст.
Ба ғайр аз ин, Карамшоев З. боз ҳам ба сармуҳосиб супориш додааст, ки ба суратҳисоби ҶДММ «Фирӯза» 2000 сомонӣ барои харидории қисмҳои эҳтиётии воситаи нақлиёт гузаронад, вале ӯ 1100 сомониашро ба ҷои лозима сарф намуда, 900 сомонии боқимондаашро тасарруф кардааст.
– Инчунин, Карамшоев З. М. бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти худ моҳи декабри соли 2022 аз номи шаҳрвандон Бодурхонова Ф., Сафарбеков Ҷ. ва Азимов Ф. сохтакорона санади харид тартиб дода, аз номи онҳо имзо гузоштааст,- омадааст дар хабари прокуратура.
Прокурори ноҳияи Ишкошим нисбати Карамшоев З. тибқи Кодекси ҷиноятӣ парванда боз намуда, ба суд ирсол намудааст.
Бо ҳукми Суди ноҳияи Ишкошим ба Карамшоев З. М. ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 10200 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ