Ҳузури Зиёвуддини Нурзод дар маҳфили “Ганҷи сухан”

Рӯзноманигор ва ҳунарманди хушсадо Зиёвуддини Нурзод ва сармуҳаррири идораи барномаҳои ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳии Радиои Тоҷикистон Лутфуллои Азиз дар маҳфили “Ганҷи сухан” иштирок карданд.

Бино ба иттилои КМТ, маҳфил бо ташаббуси шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

— Маҳфилро муовини директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд ва аз ғамхории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шахсони имконияташон маҳдуд ёдовар шуд,- меафзояд манбаъ.

Баъдан, рӯзноманигор ва ҳунарманди шинохта Зиёвуддин Нурзод аз зиндагӣ ва фаъолияти кориаш ҳарф зада, бо иштирокдорон, ки аксарият шахсони имконияташон маҳдуд будаанд, суҳбати самимие  анҷом додааст. Аз ҷумла, ӯ таъкид намудааст, ки “шумо ҳеҷ гоҳе набояд руҳафтода бошед аз он ки Худованд барои шумо нуқси ҷисмонӣ ва ё дигар иллатеро додааст, чунки дар замири ҳар яки шумо истеъдоди хосае нуҳуфтааст”. Мавсуф дар идома чанд нафареро мисол овардааст, ки новобаста аз вазъи саломатиашон имрӯз дар ҷомеа мавқеъ пайдо намудаанд ва метавонанд мустақилона зиндагии худро пеш баранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *