Ҳаҷравӣ зиёд, аммо хайри ҷория кам шудааст

Имсол сафари тоҷикистониён ба Ҳаҷи умра ба таври назаррас зиёд шуда, хайри ҷорияе, ки ба ҷойи он дар замони хурӯҷи бемории коронавирус анҷом дода мешуд, ба маротиб кам гардидааст.

Ин нуктаро зимни суҳбат Усмоналӣ Нурзода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тасдиқ намуд ва ӯ афзуд, ки қаблан бо сабаби баста шудани роҳ ба сӯи Каъбатуллоҳ иддае аз зоирон маблағи сафари худро барои ободии маҳали зисташон ҳамчун хайри ҷория сарф мекарданд, аммо ҳоло хурду бузург ба Ҳаҷи умра мешитобанд.

— Ҳаҷ барои инсони тавонманд дар тӯли ҳаёт як маротиба фарз аст. Ба ҷойи чору панҷ бор рафтан ба зиёрати Қаъба беҳтар аст, ки он нафар ҳиссае аз молу сарвати худро дар ободонии деҳа, овардани хати оби нӯшокӣ, бунёди роҳу пул, таъмири муассисаи таълимӣ ва амсоли ин сарф намояд, то аз он дар баробари ӯ аҳли ҷомеа низ баҳравар гарданд. Ин аст садақаи ҷория, ки тибқи фармудаи Пайёбари ислом Муҳаммад (с) савобу самарааш баъд аз марг ҳам дар номаи аъмоли инсон сабт мегардад,- идома дод Усмоналӣ Нурзода.

Мамлакат Қурбонназорова, сокини ноҳия Қубодиён чор сол пеш ҳамин шабу рӯз 30 ҳазор сомонӣ маблағи барои зиёрати хонаи Худо ҷамъовардаашро барои бунёди кӯпруки деҳа сарф намуд. Қаблан ӯву ҳамдеҳагонаш ба воситаи як қубури обгузар аз болои ҷӯй мегузаштанд, ки барои калонсолону мактаббачагон хатарнок буд.

— Арабхона яке аз деҳаҳои сераҳолӣ мебошад ва равуо хеле зиёд аст. Мардум аз мавҷуд набудани кӯпруки бехавф дар ҷӯйбори деҳа азият мекашиданд. Ман зиёд фикр кардам ва худ ба худ гуфтам, ки дар чунин шароит чӣ гуна ба Ҳаҷ равам? Худо қабул фармояд. Беҳтараш мушкили аҳли деҳаро осон мекунам,- гуфт ин зани хайрхоҳ.

— То соли 2021, яъне барои истиқбол аз ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ тарғибу ташвиқ барои саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал аз ҷониби масъулини мақомоти давлатӣ пурзӯр буд ва сокинон низ дар ин самт ташаббускор буданд. Ин аст, ки даҳҳо нафар бо анҷом додани чунин корҳои хайр дар ободонии маҳали зисти худ саҳм гузоштаанд. Аммо як соли охир қариб ки чунин тадбирҳои созанда аз ҷониби зоирон ба назар намерасад,- мегӯяд Исмоили Соҳибназар, хабарнигори телевизиони “Тоҷикистон” дар вилояти Хатлон.

Ин ҳолатро иддае аз масъулини мақомоти маҳаллии Қубодиён тасдиқ карданд ва бархеи дигар бе далел рад намуданд.

Алиҷон Тоҷиев, муовини аввали раиси ноҳияи номбурда дар суҳбати телефонӣ гуфт, ки ҳоло ҳам зоирон дар пайи ободонианд, аммо мисоли мушаххас наовард.

Дар ҳамин ҳол, иддаое низ вуҷуд дорад, ки дар баъзе ноҳияҳо ба хоҳишмандони Ҳаҷи фарзӣ “муомила” менамоянд. Зоирон бо анҷом додани кори ободонӣ дар маҳал барои гирифтани роҳхат ба Ҳаҷ имкони бештар пайдо намуда, ба ин васила пеш аз сафар ба хонаи Худо хайри ҷория низ мекунанд. Чунин ҳолатҳоро Фурқат Забирзода, собиқ мудири бахши дини шаҳри Бохтар тасдиқ намуда, афзуд, ки соли 2019 дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Фонди хайриявӣ таъсис ёфта буд, ки хоҳишмандони сафари Ҳаҷи фарзӣ 2000-3000 сомонӣ ба суратҳисоби он гузаронида, пасон роҳхат ба Ҳаҷро ба даст меоварданд.

Ахиран, соли гузашта Ҳоким Бобомуродов, сокини ҷамоати деҳоти Заркамари ҳамин ноҳия, ки нияти сафари Ҳаҷ дошт, бо сабаби зиёд будани зоирон ва навбатпоии тӯлонӣ маблағашро барои таъмири ҷории роҳи мошингарди деҳаҳои Боғҷида ва Морсулот харҷ намуд.

— Дар ноҳияи мо хоҳишмандони зиёрати хонаи Худо хеле зиёданд. Аз ин лиҳоз ба ҳама навбат намерасад. Барои ҳамин соли гузашта садақаи ҷория намудам. Ҳоло ба сафари Ҳаҷ омода шуда истодаам. Насиб бошад, соли оянда меравам,- зикр намуд Ҳоким Бобомуродов.

Абдурозиқ Маҳмадшоев, сокини ноҳияи Вахш мегӯяд, ки бо сабаби навбатпоии зиёд дар ҳаҷи фарзӣ ва маҳдудияти синнусолӣ аксарият ба ҳаҷи умра рафта истодаанд. Ӯ низ гуфт, ки бо даст ёфтани имконият албатта ҳадди ақал ба умра меравад. Зеро, ба гуфтаи мавсуф, ҳар фарди мусалмон ин орзуро дорад.

Муҳаммади Ҷонӣ, ҷавони 25-солаи тоҷик, ки чанд сол пеш аз ин ба Ҳаҷи умра рафтааст, боз ҳам тасмим дорад зиёрати Каъбатуллоҳро кунад. Зеро, ба гуфтаи вай, ҳоло ширкатҳои сафарбаркунии зоирон хеле зиёд шудаанд ва нархи сафар ҳам барои аксарият дастрас аст.

— Бо сабаби он, ки нархи сафар ба ҳаҷи умра дар Ӯзбекистон назар ба Тоҷикистон қариб як баробар арзон аст, бисёриҳо тариқи ин кишвари ҳамсоя ба Ҳаҷи умра рафта истодаанд. Дар мо агар барои сафар ба Ҳаҷи умра ба ҳисоби миёна 20 — 25 ҳазор сомонӣ лозим бошад, дар Ӯзбекистон ҳамагӣ аз 1300 то 1700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад,- иброз намуд ин ҷавон.

Ҷомеашинос Шариф Темирзода мегӯяд, ки чанд соли охир ҳаҷравӣ мӯд шудааст. Баъзеҳо мехоҳанд, ки онҳоро низ дар миёни мардум “ҳоҷӣ” гӯянд, бархеи дигар 3 бору 4 бор барои он ба Ҳаҷи умра мераванд, ки дороии зиёд доранд ва намедонанд онро дар куҷо сарф намоянд. Агар онҳо дар ҳақиқат барои савоб мераванд, пас чаро аксарияташон садақаи ҷория намекунанд?! Чун барои ҳар мусалмон Ҳаҷ як маротиба фарз аст, ба ҷойи чанд бор рафтан беҳтар мебуд, ки ба ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум, ки хеле дар маҳалҳо зиёд аст, саҳм мегузоштанд.

— Ба хотири аз қатор намондан, яъне аз дигарон кам набудан ҳам имрӯз одамон якчанд бор ба Ҳаҷ рафта истодаанд, баъзеҳо ҳатто бо баҳонаи Ҳаҷ ба саёҳату тиҷорат низ мераванд,- идома дод ҷомеашинос.

Усмоналӣ Нурзода, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сархатиби масҷиди марказии шаҳри Бохтар зикр намуд, ки дар маърӯзаҳои худ пайваста намозгузоронро ба анҷом додани амалҳои хайр, бахусус садақаи ҷория даъват менамояд. Ӯ гуфт, ки зеро дар ин маврид Паёмбари Худо Муҳаммад (с) таъкидҳои зиёде кардаанд.

— Дар замони паёмбари ислом Абдуллоҳ ном марде дар тараддуди сафари Ҳаҷ буд. Ногаҳон назараш ба зане афтод, ки аз ҳарҷо маводи ғизоӣ ҷамъ мекард. Ба ӯ аҳамият дод ва аз паяш шуд. Вақте аз дуртар мушоҳида кард, он зан вориди кулбаи худ гашта, маводҳои аз ҳар куҷо ҷамъовардаашро дар назди фарзандонаш гузошт ва онро кӯдакон тановул карданд. Ин мард худ ба худ гуфт, ки зиёрати ман инҷост. Ва ҳамон лаҳза сафархарҷиеро, ки дошт, ба ҳамон бевазан тақдим кард. Аз ин амали ӯ он зану фарзандони ятимаш ниҳоят шод гаштанд ва нисбати ин мард дуои хайр карданд. Вақте ҳамдеҳагон аз ҳаҷ баргаштанд, гуфтанд, ки Абдуллоҳро дар хонаи Худо дидаанд. Бинед, ки ба сурати ин марди хайрхоҳ аз номи ӯ малоикае зиёрати хонаи Худоро ба ҷо овардааст,- нақл кард домулло Усмоналӣ Нурзода.

Зимнан, замони бемории коронавирус, ки роҳ ба сӯи Қаъбатуллоҳ муваққатан баста буд, иддае аз зоирони тоҷик сафархарҷиашонро ҳамчун хайри ҷория дар корҳои ободонию созандагии маҳаллаву деҳаҳо сарф менамуданд. Аммо ҳоло бо бештар гардидани рақобат миёни ширкатҳои сайёҳии дохилию ҳориҷӣ ва дастрас гардидани нархи Ҳаҷи умра теъдоди зоирон афзуда, хайри ҷория кам шудааст.

Амонҷон МАҲКАМОВ, шаҳри Бохтар  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *