Боздошти блогери 28-сола барои алфози қабеҳ
Ганҷина Хайракова, сокини 28-солаи ноҳияи Кӯшониён аз ҷониби кормандони шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Зимни санҷиш муайян гардид, ки номбурда ҳангоми пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо дашному алфози қабеҳ сухан намуда, нисбати дигар шаҳрвандон беэҳтиромӣ зоҳир намудааст.
Айни замон нисбати Хайракова маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ