Боздошти боз як гумонбари қаллобӣ барои иҷора додани хона

Фатҳиддинзода Сулаймон, сокини 26-солаи шаҳри Ҳисор бо гумони силсилаи ҷиноятҳои қаллобӣ дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, номбурда дар сомонаи интернетии «Сомон ТҶ» дар бораи ба иҷора додани манзилҳои истиқоматӣ эълони бардурӯғ нашр намуда, шаҳвандони зиёдеро фиреб додааст.

“Гумонбаршаванда тариқи ҳамёни электронӣ ҳамчун пешпардохт аз шаҳрвандон маблағҳои гуногун гирифта, ба манфиати худ сарф намудааст”,-иттилоъ медиҳад мақомоти милитсия.

Гуфта мешавад, ки шаҳрвандон агар мавриди фиреби Фатҳиддинзода С., қарор гирифта бошанд, тавассути рақамҳои 018-02-02-02 ба милитсияи пойтахт муроҷиат намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *