Ҳодиса ТВ

Боздошти бунёдгузори “Ҳодиса ТВ” аз ҷониби ВКД

Ду нафар ба ном “блогер”, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи “Ҳодиса ТВ” канал кушода, маводу видеоҳои хусусияти шаҳвонӣ паҳн мекарданд, боздошт шуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, “блогерон”-и боздоштшуда  22 –сол доранд ва дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” бо номи “Ҳодиса ТВ” канал кушода, маводи шаҳвонӣ ё порнографиро паҳн мекарданд.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД  иттилоъ дод, ки сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амрохон Абдуллоеви 23-сола ва Рустам Фозилови 22-сола ба хотири ҷалби тамошобини бештар ва гирифтани лайки зиёд аксҳои шаҳрвандонро аз саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегирифтанд, ба бадани онҳое, ки дар видеоҳои порнографӣ иштирок мекунанд, мечаспонданд ва дар саҳифаашон, дар шабакаи Инстаграм нашр мекарданд.

Дар  гузориши “Ахбори ВКД” шоми 21-уми декабр худи “блогер”-он низ аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ карда, эътироф намудаанд, ки ҳадафашон аз паҳн кардани маводи порнографӣ ҷамъ овардани тамошобину лайки зиёд буд.

ВКД гуфт, боздошти ин ду ба ном “блогер” аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД сурат гирифта, онҳо 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.

Вақтҳои охир ба ном «блогерон» ба хотири пайдо кардани хонандаи зиёд дар каналҳояшон ҳар гуна маводу видеоҳои хусусияти ғайриахлоқӣ мегузоранд. Чанде аз онҳо аллакай аз тарафи мақомоти милитсияи тоҷик боздошт гардида, ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Боздошти блогер ва муроҷиати ВКД

Аз ҷумла, чанде пеш яке аз чунин блогерон шаҳрванди Тоҷикистон Қурбонова Фотима Амирхоновна, соли таваллудаш 22.05.2004, зода ва сокини шаҳри Бӯстон боздошт гардида буд. Ӯ бо мақсади зиёд кардани обуначиёни худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба паҳн намудани наворҳои хусусияти шаҳвонидошта ва истифодаи ибораҳои таҳқиромез машғул будааст.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии чунин наворҳои ғайриахлоқӣ, шаҳрванд Қурбонова Ф.А. ба ҷазои маъмурӣ ҷалб карда шуда, ба муҳлати 10 шабонарӯз ба ҳабс гирифта шуд. Мақомоти милитсия аз шаҳрвандон, алалхусус блогерон хоҳиш кардаааст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз истифодаи ибораҳои таҳқиромез худдорӣ намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *