Боздошти Хосияти фолбин бо истифода аз лухтаку ҳасибча
Милитсияи пойтахт барои машғул шудан ба фолбинию ҷодугарӣ шаҳрванд Хосият Шодмонова, сокини 39-солаи шаҳри Душанберо дастгир карданд.
Ҳангоми санҷиш аз ҷониби милитсия муайян шуд, ки номбурда муддатест, ки манзилеро ба иҷора гирифта, бо истифода аз лухтак, шамъ, сӯзандору, қулфу калид, тасбеҳ, қайчӣ, сузану ришта ва ҳатто ҳасибча ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул аст. Зимни санҷиш аз манзили иҷоравии шаҳрванд предметҳои зикршуда ҳамчун далел дарёфту мусодира шуданд.
Вобаста ба ҳолати мазкур, аз ҷониби милитсияи пойтахт нисбати номбурда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба Суд ирсол гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ