Боздошти хушдоман бо гумони ба худкушӣ расонидани келин

Мақомоти милитсияи шаҳри Истаравшан зани 64-солаи сокини ин шаҳрро бо гумони ба худкушӣ расонидани келини 33-солааш боздошт кардаанд.

Дар ин бора 19 апрел Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Бинои ба иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ин зан муддати тӯлонӣ нисбати келинаш муомилаи бераҳмона нишон дода, пайваста шаъну эътибори ӯро паст мезадааст.

Гуфта мешавад, баъди як ҷанҷоли навбатӣ бо хушдоман, шаби 12-уми март, тахминан соати 22:00, келин миқдори зиёди доруҳои гуногунро истеъмол карда, заҳролуд шудааст.

Вазорат мегӯяд, ин амал “дар натиҷаи ҷабру зулми хушдоман” сурат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *