Боздошти нафаре, ки гов дуздида, ба бозиҳои интернетӣ сарф мекардааст

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Кӯшониён як нафар говдуздеро дастгир кардаанд, ки пеш ҳам 10 маротиба бо ҳамин ҷурм боздошт шуда, 9 бори дигар ин амалашро анҷом додааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки ин нафар Шуҳратҷони Ҷурахон, соли таваллудаш 1993, сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Ҳамадонӣ мебошад. Гумонбаршуда аз оромии шаб ва набудани одамони гирду атроф истифода намуда, бо тариқи пинҳонӣ вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон гашта, аз дохили оғилхонаҳои онҳо говҳоро дуздидаву аз ҷои ҳодиса ғайб мезадааст.

Зикр мегардад, ки ӯ ба ҷабрдидагон зиёда аз 80 000 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонида, ҳамаи ин маблағҳоро дар бозиҳои интернетӣ ва корҳои беҳуда сарф менамудааст.

Нисбати Шуҳратҷони Ҷурахон парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *