Боздошти наврасон барои таблиғи корду зӯроварӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Се навраси пойтахт барои нашри аксҳои хусусияти зӯроваридошта дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт шуданд.
Дар ин бора Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар дод.
“Дар натиҷаи санҷиш аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт наврасон-Султонов Ш. соли таваллудаш 2006, Аламов Ш. ва Абдураҳмонзода А. соли таваллудашон 2007, дар шабакаҳои иҷтимоии «Инстаграм» ва «Телеграм», саҳифаҳои худро ба қайд гирифта, мунтазам кордбадаст аксу наворҳои худро нашр намудаанд. Ин омил метавонад ба ҳолати равониву ахлоқии дигар наврасон низ бе таъсир намонад”-омадааст дар хабари Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.
Вобаста ба ин, Раёсати ВКД дар пойтахт аз волидайн хостааст, ки дар баробари назорати фарзандон, ҳамзамон одоби истифода намудани шабакаҳои иҷтимоиро омӯзонанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ