Боздошти раиси ҷавонони Панҷакент бо гумони қаллобӣ (аудио)

Раиси бахши ҷавонон ва варзиши шаҳри Панҷакент Афзалшоҳ Дӯстзода аз сӯйи мақомоти милисаи шаҳри Панҷакент бо ҷурми қаллобӣ боздошт шудааст. Дар ин бора як манбаъ аз мақомоти шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.

Афзалшоҳ Дӯстзода бо ҷурми гирифтани маблағ бар ивази билети ҳарбии қалбакӣ боздошт шудааст. “Ӯ аз як нафар бо ваъдаи омода кардани билети ҳарбӣ як миқдор маблағ мегирад. Ҳол он ки, ин гуна ваколатро Дӯстзода надорад”,- мегӯяд манбаъ.

Бино ба маълумоти дарёфтӣ, боздошти Афзалшоҳ Дӯстзода рӯзи 25-уми май бар асоси шикояти як шаҳрванд сурат гирифтааст. Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳоли ҳозир Дӯстзода дар боздошт дар ШВКД-и Панҷакент қарор дорад. Маълум нест, ки оё нисбат ба Афзалошоҳ Дӯстзода парвандаи боз шудааст ё не? Ин ҳам маълум нест, ки ӯ дар ивази билети ҳарбӣ чӣ қадар маблағ тамаъ кардааст?

Афзалшоҳ Дӯстзода моҳи марти соли 2022 раиси бахши ҷавонон ва варзиш дар шаҳрдории Панҷакент таъин шуда буд. Аз ин пеш ӯ дар мақомҳои ёвари раиси шаҳр ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИҲД-и шаҳри Панҷакент низ кор мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *