Бозгашт ба хотираҳо. Мусоҳиба бо Толибхон Шаҳидӣ

Устод Толибхон Шаҳидӣ хеле кам ҳарф мезанад, бештар ғарқи олами андешаҳост. Суол медиҳам… Як-ду ҷумла ва мушаххас посух мегӯяд. Ҳол он ки ҳарф барои гуфтан хеле зиёд аст: Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Толибхон Шаҳидӣ яке аз оҳангсозони барҷастаи муосир ва эътирофшуда дар ҷаҳон аст, ки асарҳояшро дар бузургтарин саҳнаҳои олам маъруфтарин дастаҳои ҳунарӣ иҷро  мекунанд, ӯ нафарест, ки мусиқии миллии тоҷикро бо оркестри академӣ ҳамнаво кард ва садои миллати моро то саҳнаҳои бузурги олам танинандоз намуд… Ҳайрон мешавам, ки чӣ тавр метавон бо ин ҳама бузургӣ, чунин хоксору фурӯтан буд?!  

Дунёи хотирот

Ҳафтаи гузашта устод Толибхон Шаҳидӣ бо ҳамсарашон нависанда Гулсифат Шаҳидӣ меҳмони идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” буданд.

Ният доштам, ки суҳбатамро бо эшон аз балети тозаэҷодашон “Пирях”, ки чанд рӯз пеш нахустнамоиши он дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд, оғоз кунам. Вале эшон дар суҳбати кутоҳе, ки бо аҳли эҷоди ҳафтанома доштанд, суҳбатро аз хотира оғоз карданд…

– Мо се моҳ қабл ба Душанбе омада будем. Чун фарзандонамон дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, мо ҳам бештар назди онҳо ҳастем. Дар байни Дубай, Лондон ва Маскав зиндагии мо ҷараён дорад. Аммо вақте Душанбе меоям, худро дигар хел эҳсос мекунам. Ба хотираҳоям бармегардам. Дар рояли худам, ки бароям аз даврони ҷавонӣ ошно аст, нишаста мусиқӣ менависам. Ба хонаи падар, ки ҳоло Осорхонаи Зиёдулло Шаҳидӣ аст, меравам ва соатҳо он ҷо мешинам ва хотиротамро варақгардон мекунам.

Аз хотироти Толибхон Шаҳидӣ:

Ман 13-уми марти соли 1946 дар Душанбе, дар биное, ки дар он шоиру нависандагон зиндагӣ мекарданд, таваллуд шудаам. Он замон хонаҳо нигаҳбон надоштанд ва дарҳо низ мисли имрӯз қуфлҳои мустаҳкам зада нашуда буданд. Бинобар ин, рӯзе маро як дузд ба гилем печонида бурданӣ мешавад. Хушбахтона, шоир Мирсаид Миршакар дуздро дошта, маро аз дасти ӯ наҷот медиҳад…

Ҳавлии падар

– Кадом лаҳзаҳо бештар ба хотиратон меоянд?

– Ҳавлии падар. Нишастҳои хосса, суҳбатҳои хосса ва тамринҳои хоссаашон бо ҳунармандон. Аҳмад Бобоқулов, Ҳанифа Мавлонова, Рена Ғолибова, Шоиста Муллоҷонова, Барно Исҳоқова, Туҳфа Фозилова ва дигар дӯстони падарам ба хонаи мо меомаданд ва он ҷо суруду романсҳои дирӯзнавиштаи падарамро тамрин мекарданд. Барои мисол тавлиди суруди “Хонаи мо он қадар ҳам дур нест”-ро ман ба ёд дорам. Падарам ҳамроҳи Мирзо Турсунзода як рӯз ба Кӯли Комсомол мераванду аз гаштугузори духтаракони ҷавон ба илҳом омада, устод Турсунзода ҳамон лаҳза ин шеърро эҷод мекунанд, падарам бошад, оҳанги онро менависанд… Ин суруд писанди ҳамагон шуд, то ҳол онро замзама мекунанд. Ҳамин тавр, оҳангсозону солистони Театри опера ва балет, филармония, хонаи радио ва Ансамбли рубобчиҳо бисёр ба хонаи мо меомаданд. Дар чунин муҳит ман ба воя расидам.

Солҳои 50-ум падарам оҳангсоз Юрий Григоревич Тер-Осиповро аз Боку ба Душанбе даъват карданд. Эшон дар хонаи мо зииндагӣ мекарданд. Ва пас аз падарам устоди ман дар соҳаи мусиқӣ маҳсуб меёбанд.

Дар Театри опера ва балет якумин бор операи падарамро шунидам. Нахустнамоиши “Комде ва мадан”-ро чун дирӯз ба ёд дорам. Баъдан ҳамроҳи падар мо “Симфонияи Мақомҳо”-ро навиштем, ки ин ҳам яке аз саҳифаҳои равшани рӯзгори банда аст.

Солҳои баъдӣ ман бештар бо жанри балет машғул шудам. Бо Малика Собирова филм-балети “Рубоиёти Умари Хаём”-ро сабт кардем. Баъди се сол эшон аз олам даргузаштанд, вале ин балет дар ёди ман тамоми умр мондааст.

Ҳамин гуна хотираҳо дар зеҳнам пайдо мешавад. Ва дар мавриди сарнавишти худам меандешам. Таҳсилам дар Консерватория, аввалин консертам дар саҳнаи ин даргоҳ. Баъдан, эҷоди асарҳои дигарам ва намоиши онҳо дар саҳнаи Театри опера ва балет ва саҳнаҳои дигари олам. Хушбахтона, сабти аксари онҳо мавҷуданд ва дар “Ютуб” дастрас мебошанд. Гоҳе худам онҳоро гӯш мекунам. Вале телевизионҳои мо асарҳои маро кам намоиш медиҳанд. Вақтҳои охир балету операҳоямро дар телевизиони тоҷик намебинам…

Аз хотироти Толибхон Шаҳидӣ

Вақте соли 1965 ба курси тайёрии Консерваторияи Москва дохил шудам, модарам Марҳабохон ба кор даромада ва ҳар моҳ барои ман “стипендия” мефиристод. Ман дар хобгоҳ зиндагӣ мекардам ва модарам аз Душанбе бароям таомҳои миллӣ, аз қабили ошу манту мефиристод… Вақте ягон нафар аз пайвандон ё дӯстон ба Москва парвоз мекард, модарам зуд таомро омода карда ба дасташ медод. Вақте хӯрок ба Москва мерасид, ҳанӯз гарм буд…

– Шумо дар бораи хотира гуфтед. Аз суҳбати шумо дарк кардам, ки вақте инсон аз Ватан дур меравад, бештар ба қадри он мерасад…

– Бале, Ватан ҷойи бузургтарин барои эҷодкор аст, манбаи илҳому эҷод…

Аз “Агар…” то “Пирях”

– Чанд рӯз пеш дар Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ нахустнамоиши балети “Пирях” (Таюшая красота)-и шумо баргузор шуд. Шумо, ки бештар дар мавзуҳои таърихӣ, миллӣ ва фалсафӣ менависед, чӣ шуд, ки ба чунин мавзуъ рӯй овардед?

– Бале, мавзуи балети “Пирях” ба масъалаи ҷаҳонӣ – ҳифзи табиат бахшида шудааст. Мусиқии онро ман навиштам. Либретто ба қалами Низом Қосим тааллуқ дорад. Онро балетмейстере, ки аз Перм омадааст – Сергей Райник ба саҳна гузошт. Ман дар мавзуҳои иҷтимоӣ қаблан ҳам эҷод кардаам. Яке аз асарҳои ман “Агар…” ном дорад, ки дар асоси ашъори Лоиқ Шералӣ навишта шудааст. Ин асар, ки 23 дақиқа идома мекунад, дар “Ютуб” дастрас аст. Ман ин асарро таҳти таъсири ашъори Лоиқ Шералӣ навиштам ва дар он ҷо як навигарӣ ворид намудам. Сози тоҷикии тамбӯрро ба оркестри симфонӣ ҳамроҳ кардам. Тамбӯрро Абдувалӣ Абдурашидов навохт. Ин асарро ҳам мо ба мисли як филм сабт кардем. Дигар навгонӣ дар сабти ин асар чойники Чорбоғи Варзоб аст. Ман онро аз бачагӣ ба ёд дорам. Бинобар ин, вақти сабт чойникро ҳам дар он ҷой кардем. Хулоса, “Агар…”-ро агар гӯш кунед, мебинед, ки мавзуи табиат ва масъалаҳои иҷтимоӣ барои банда нав нест…

– Солҳои охир бештар дар хориҷи кишвар кор мекунед ва дар Театри опера ва балет асарҳои шумо камтар садо медоданд. Ҳамкории шумо барои ба саҳна гузоштани “Пирях” чӣ тавр ба роҳ монда шуд?

– Ман вақте ба Душанбе омадам, баъзе асарҳоямро барои шиносоӣ ба театр пешниҳод кардам. Лекин афсӯс, оркестре, ки ба ман лозим аст, дар ин ҷо нест. Оркестри ин ҷо хурд аст, навозандаҳо хеле кам аст. Тақрибан 40 нафар навозанда ҷамъ кардан мумкин асту халос. Вале бо вуҷуди ин, ба шароит мувофиқ карда балетро навиштам. Сергей Райник онро худаш ҷо ба ҷо карда, ба саҳна гузошт. Ба назарам асари хуб баромад. Бояд онро тамошо кунед.

– Ман дар нахустнамоиш будам. Бароям хеле писанд омад. Махсусан, шумо мусиқии халқиро хеле зебо дар он ҷой кардаед.

– Бале…

– Устод, шумо ҳамеша кӯшиш мекунед, ки дар оркестри симфонӣ оҳангҳои халқиро ҳамроҳ кунед. Ин сабкро аз кай оғоз кардед?

– Аз оғоз, вақте ки падарам дар хона тамрин мекарданд, ман ба мусиқии халқӣ бештар таваҷҷуҳ мекардам. Масалан Акашариф Ҷӯраев, ки дар наздики хонаи мо зиндагӣ мекарданд, омада бо падарам тамрин мекарданд. Баъдан солистони театр ё хонаи радио омада мусиқии академӣ машқ мекарданд. Яъне дар зеҳни ман садоҳо синтез мешуданд. Вақте дар консерватория таҳсил мекардам, асарҳои компазиторони бузурги дунёро дар Театри бузурги Маскав ва Толори консерватория гӯш мекардам.  

Мактаби консерватория

– Дар мавриди толори консерваторияи Маскав ёдоварӣ кардед. Дар “Ютуб” чандин консертҳои шумо дар ин саҳна пешкаши тамошобин шудааст. Аввалин бор кай дар ин ҷо мусиқии шумо садо дод?

– Вақте кори дипломӣ месупоридем. Мо чанд нафар хатмкунанда будем. Ман – шогирди Арам Хачатурян, боз шогирдони профессорони дигар. Арам Илич ҳамон ҷо буданд, як ду сухан дар бораи ман ҳам гуфтанд ва мусиқии банда садо дод. Мо дар консерваторияи Маскав воқеан аз мактаби хуб гузаштем. Баъдан, дар ин толор консертҳои зиёди ман гузашт.

Умуман, дар Москва асарҳои бандаро зиёд иҷро мекунанд. Рапсодияи маро Оркестри кинематографияи Маскав соли 2013 дар саҳнаи Кремл иҷро кард ва ҳунарманди маъруфи арманӣ Ҷеван Гаспарян, ки шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, сози дудукро навохт. Ин асар низ дар “Ютуб” дастрас аст.

Аз ёддоштҳои Толибхон Шаҳидӣ:

Устоди ман Арам Хачатурян давоми зиндагӣ дар масъалаҳои гуногун ба мо кумак мекарданд. Эшон дар тамоми Иттиҳоди Шурави нуфузу обрӯ доштанд. Вақте банда мушкили манзили зист доштам, Арам Илич ба Котиби якуми Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Ҷаббор Расулов нома навиштанд ва дере нагузшата ба ман хона доданд. “Ту медонӣ, ки чаро ба ту зуд хона доданд?,- пурсиданд Арам Илич аз ман ва посух доданд:- Барои он ки ман номаро чунин оғоз кардам: “Ҷаббори азиз, аз ту хоҳиш мекунам…” ва ӯро бо шашумин Ордени Ленин, ки ба наздикӣ гирифта буд, табрик гуфтам. Агар ман расмӣ “Муҳтарам Ҷаббор Расулович” менавиштам, ту ба ин зудӣ хона намегирифтӣ…

Арам Хачатурян

Аз ватан нарафтаем

– Шумо солҳои душвори 90-ум, ки бисёре аз эҷодкорон ватанро тарк карданд, дар Душанбе будед ва баъди солҳои 2000-ум рафтед.

– Бале. Ҳамон вақт ман як асар барои оркестр ва солистони сапранову тенор навиштам, ки “Гармония мира” ном дорад. Як факти ҷолибро ба шумо мегӯям. Ҳамон солҳо, ки ҷанг дар кишвар идома дошт, дар Театри опера ва балет “Реквием”-и Мотсарт садо медод ва дрижёре, ки аз  Австрия даъват шуда буд, онро ба саҳна гузошт. Ман он солҳо ҳам консерт мегузоштам, ҳам дрижёрӣ мекардам, яъне кор дар театр ҷараён дошт.

– Ҳамон солҳо ба театр тамошобин меомад?

– Бале. Меҳмонон ҳам буданд. Лекин ҷанг кори худашро карда буд.

– Аз Тоҷикистон кадом сол рафтед?

– Мо нарафтаем. Баъди солҳои 2000-ум вақте фарзандонамон дар хориҷи кишвар оила барпо карданд, бештар дар назди фарзандону набераҳо ҳастем. Вале ҳамасола ба Ватан меоем.

Аз хотироти Толибхон Шаҳидӣ:

Соли 1974 дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” акси духтари зебоеро дидам: гирандаи стипендияи ленинии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон Гулсифат… Ба худ гуфтам, ки ин ҳамонест, ки дар суроғаш будам. Дере нагузашта мо хонадор шудем ва пас аз базми арӯсӣ ба Москва рафтем. Устодам ба Гулсифат гуфтанд: “Ту масъулияти бузургеро ба дӯш гирифтӣ, бо бастакор хонадор шудан – ин як умр худро ба ҳалқа бастан аст”… Ва давоми умр Гулсифат ҳамеша мададгори ман аст. Сафарҳои тӯлонии маро таҳаммул мекунад ва масъулияти қабулу гусели меҳмонон, сар карда аз дӯстону ҳамкорон то шахсиятҳои бузурге чун Малика Собирова, Маҳмуд Эсамбоев, Фарух Рузиматов, Лоиқ Шералӣ, Владимир ва Александр Чайковский… ва дигарон ба дӯши ӯст… Вале беҳтарин эҷодиёти ману ҳамсарам се писарамон – Табрез, Ҳофиз ва Фирдавс ҳастанд…

Умед ба оянда

– Чанд рӯз қабл дар Душанбе Оркестри кӯдакон таъсис ёфт ва барномаи нахустини он пешкаши тамошобин шуд. Оё дар он консерт будед?

– Не, маро даъват накардаанд. Вале Иттифоқи компазиторон қаблан бо ин бачаҳо барнома ташкил карда буданд. Ман онҳоро дида будам. Бачаҳо ки дар саҳна ҳастанд, ин аллакай кори хеле хуб аст. Оркестри бачагона, умедворам, ки дар оянда барномаҳои хуб пешниҳод мекунад ва аз ҳама муҳим, дар оянда заминаи оркестри симфонӣ мешаванд. Ман бо ҷавонон зиёд кор мекунам, ҳам дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, ҳам дар мактаби мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ. Ҷавононро бояд тарбия кард.   

– Ҳоло машғули чӣ кор ҳастед?

– Пас аз ба саҳна гузошта шудани балет барои як консерт омодагӣ мебинам. Ният дорам, ки дар консерватория бо ҷавонон онро ба саҳна гузорам. Барои ин барнома як асари нав менависам. Ин консертро дар оғози моҳи сентябр пешкаш мекунем. Ман ҳар сол кӯшиш мекунам, ки бо ҷавонон кор карда, барномаи консертӣ таҳия кунам. Хеле хуб пазироӣ мешавад…

Аз хотироти Толибхон Шаҳидӣ:

Дар яке аз рӯзҳои баҳори соли 1971 Арам Илич Хачатурян аксашонро бо чунин соядаст бароям ҳадя карданд: “Толиб, вақтро аз даст надиҳед!”. Банда ҳам як умр талош дорам, ки фурсатро аз даст надиҳам…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *