Чаро фурӯши тиллои Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ кам шуд? (аудио)

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 фурӯши металлҳои қимматбаҳо 88% коҳиш ёфт.

Дар Тоҷикистон ҳаҷми содироти филизоти қимматбаҳо коҳиш ёфтаст. 88% коҳишёбии ҳаҷми фурӯш нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ басо нигаронкунада арзёбӣ мегардад. Тибқи омор, маблағи аз фурӯши металлҳои қимматбаҳо бадастомада ҳудуди 85 миллион доллар ё 12% нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил додааст.

Дар семоҳаи авваи соли гузашта ҳаҷми фурӯши фулузоти қимматбаҳо ҳудуди 709 миллион долларро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ иттилоъ дод, ки  дар ҷумҳурӣ 18 корхонаи истихроҷи тилло фаъолият доранд ва истеҳсоли ин металл сол то сол меафзояд. Гуфта мешавад, ки дар соли 2021 фурӯши металлҳои қимматбаҳо 41,7%-и ҳаҷми умумии содироти кишварро ташкил додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, металлҳои қимматбаҳо ба маблағи зиёда аз 896,6 миллион доллар фурӯхта шуданд, ки нисбат ба соли 2020-ум 30% зиёд аст.

Бояд зикр намуд, ки Тоҷикистон ҳудуди 380 намуди маҳсулот содир мекунад. Аммо дар солҳои охир маҳз содироти металлҳои қимматбаҳо хеле афзоиш ёфтааст. Корхонаи асосии тиллои Тоҷикистон — корхонаи муштараки тоҷикиву чинии «Зарафшон» мебошад, ки ҳудуди 70%-и ҳаҷми умумии ашёи хоми истихроҷшударо ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки Саридораи геологияи назди ҳукумати кишвар ҳаҷми захираи тиллои кишварро ҳудуди 500 тонна арзёбӣ намуд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.