Чаро Туркия тоҷиконро бозпас мегардонад?

Мақомоти Туркия дар як ҳафтаи ахир наздик ба 20 шаҳрванди Тоҷикистонро аз фурудгоҳи Истанбул пас гардондаанд.

Аксари баргаштаҳо мегӯянд, ки бо ҳадафи кор ба Туркия рафта буданд, вале барояшон иҷоза нашуд, ки вориди хоки ин кишвар гарданд.

​Асадулло Шарифов, сокини 31-солаи шаҳри Душанбе, рӯзи 5-уми август гуфтааст, ки якуми сентябр ба ин кишвар сафар карда буд, аммо ӯ ва ҳашт нафари дигарро ба Тоҷикистон баргардонданд. Ӯ гуфт, дӯстонаш дар Туркия кор мекарданд ва ӯро барои кор даъват карда буданд.

«Вақте мо ба фурудгоҳ расидем, онҷо бо кадом мақсад омадан ва чанд пул доштанамонро пурсиданд, вале чизи дигаре нагуфтанд. Панҷ рӯз дар идораи “Ябанчӣ” (боздоштгоҳи муваққатии хориҷиҳо) дар наздикии фурудгоҳ маҳкам будем. Имрӯз моро ба фурудгоҳ оварданд ва тариқи ҳавопаймои “Сомон Эйр” ба Тоҷикистон фиристоданд. Сабаби ихроҷамон аз Туркияро шарҳ надоданд ва нагуфтанд, ки чаро моро пас мегардонанд», — гуфтааст  ӯ.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *